Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин гузаргоҳи марзӣ байни Тоҷикистон Чин дар садади ифтитоҳ


Нахустин гузаргоҳи марзи миёни Тоҷикистон ва Чин мавсум ба Қулма 25 майи соли равон ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин матлабро У Ҳун Бин, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, рузи чоршанбе 21 апрел баъди дидораш бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон баён дошт. Вай ҳамчунин гуфт, барои ифтитоҳи ин гузаргоҳ тамоми корҳои тадорукотӣ анҷом дода шудааст ва қарор аст, гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Чин корҳои анҷомёфтаро мавриди санҷиш қарор бидиҳад.
Сафири Чн дар Тоҷикистон афзуд: "Дар рафти суҳбат ман президентро бо самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба шинос намудам, ки у аз ин истиқбол намуд. Ман гуфтам, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Урумчии Чин омодагӣ ҷиҳати ифтитоҳи гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон идома дорад. Тайи ин мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба миёни Чин ва Тоҷикистон дар доираи барномаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай низ баррасӣ гардид. Фикр мекунам, баробари ифтитоҳи роҳи мошингарди Қулма-Қароқурум ҳамкориҳои кишвари мо бо Тоҷикистон боз ҳам густариш меёбад."
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов аз талошҳои ҳукумати Чин ҷиҳати тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон истиқбол ва таъкид кардааст, ки тамоми имконоти мавҷударо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар ба кор мебарад.
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG