Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон -- намунаи мусолиҳаи сиёсӣ дар минтақа?


Пас аз сафари Тоҷикистон, хабарнигори "Асоссиейтед Пресс" ин кишварро як намунаи мусолиҳаи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ номидааст. Бо нигоҳе ба ҷанги хонумонсӯз ва бӯҳрони иқтисодӣ, ин манбаъ менависад, Тоҷикистон дар паҳлуи Ӯзбакистони ҳамсояаш, ба таври дурахшон фарқ мекунад.
Тарафҳо сулҳ бастаанд ва Тоҷикистон ягона кишвар дар минтақа аст, ки ба ҳизби исломӣ ҳаққи ҳастии сиёсӣ дода, ҷангсолорони пешинаро ба давлатдорӣ ҷалб кардааст.
Намояндаи СММ дар Тоҷикистон Уилям Пейтон ин мусолиҳаро қаноатбахш номидааст, ба вижа дар пасманзари рӯйдодҳои Афғонистон ва Ироқ, бо назардошти низоъи ҷаҳонии марбут ба терроризм ва бунёдгароии исломӣ.
Вақте дар чунин гузоришҳо аз ришҳои тоза тарошида, гарданбанд ва шиму пиҷаки шинам ёд мешавад, албатта, дар муқобили саллаву риш ва калашников, ки хабарнигорони ғарбӣ бо шунидани номи ҳизби исломӣ ба худ тасаввур мекунанд, ҳамкоронам тахмин мезананд, ки инҳо ишора ба ноиби раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириянд ва хато ҳам намекунанд. Ба ақидаи Кабирӣ, дар ҳизби исломии Тоҷикистон як раванди модернизатсия ҷараён дорад, ки онро аз як гурӯҳи сиёсии мазҳабӣ ва гурӯҳи демократӣ-миллӣ-мазҳабӣ табдил медиҳад. Ва рӯҳияи мусолиҳаву ҳалли осоиштаи баҳсро касб мекунад.
Таваҷҷӯҳи хабарнигори ғарбӣ ба масъала аз рӯйдодҳои ахири Ӯзбакистон маншаъ гирифтааст ва ӯ мегӯяд, иштироки ҳизби мазҳабӣ дар сиёсат аз тундрав ва тахрибкор шудани пайравони он пешгирӣ кардааст. Биноан, ба навиштаи ӯ, дар Тоҷикистон бар инанд, ки ҳамлаву таркишҳои Ӯзбакистон дар Тоҷикистон рӯй нахоҳанд дод.
Таҳлилгари тоҷик Исмоили Раҳмат мегӯяд, дарвоқеъ мардуми Тоҷикистон ба чунин воқеъаҳо, таркишу ҳамлаҳо, ки дар Ӯзбакистон шудаанд, роҳ намедиҳанд.
Ин назари коршиноси дохилӣ буд. Оё аз берун манзара чигуна маълум мешавад, мепурсам аз коршиноси умури минтақа, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Порис Оливер Руа. Вай мегӯяд, ширкати ҳизби исломӣ дар умури сиёсӣ рӯҳияи норозигӣ ва тундравии тарафдорони онро аз байн мебарад ва дар Тоҷикистон ин фаъолиятҳо озоданд назар ба Ӯзбакистон. Вале таҳлилгари Асоссиейтед Пресс менависад, дар Тоҷикистон мушкилҳои дигаре вуҷуд доранд. Ин яке аз бенавотарин кишварҳост, ки ба шоҳроҳи қочоқи маводи мухаддир табдил ёфтааст. Марз бо Афғонистон рахнаҳо дорад ва қочоқи афюну ҳероин ҷинояткорӣ ва ришвату фасодро афзоиш додааст. Ин ҳам дар ҳоле ки иқтисодиёт асосан ба тавлиди пахта ва алюмин пойбанд мондааст.
Бо вуҷуди ин, натиҷагирӣ мекунад, "Асоссиейтед Пресс", он чӣ тоҷикон аз таҷрибаи талхи худ ба даст овардаанд, шунида тавонистани ақидаи ҳамдигар, нишастани сари миз ва ҳалли мушкил бо роҳи осойишта аст. Ҳарчанд аломатҳои фишор ба назар мерасанд, касе мойил нест, барои иҷрои мақсадҳои худ силоҳ ба даст гирад.
Аммо, ба ақидаи коршиносон, танҳо таҷрибаи гузашта кофӣ нест. Онҳо мегӯянд, агар дар мошин равонед ва ҳамеша ба оинаи пасбин нигоҳ мекунед, аз хатаре ки дар пеш аст, бехабар мемонед. Ва аз сӯйи дигар, ба қавли Исмоили Раҳмат, муқоиса бо Ӯзбакистону Туркманистон ба нафъи Тоҷикистон бошад ҳам, натиҷаҳои қиёс бо ҳамсояҳои дигар ингуна хушоянд нестанд. Вай мегӯяд, озодиҳои сиёсӣ дар Қазоқистон ва Қирғизистон густардатаранд.
Ва дар гуфтугӯ бо хабарнигори "Асоссиейтед Пресс" сиёсатшинос Сӯҳроб Шарифов гуфтааст, ҳизби исломии Тоҷикистон худро аз тундравоне монанди Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дур кашид, то мавқеъяшро ҳамчун қисме аз эстаблишменти, ба гуфтаи ӯ, кишвар ҳифз кунад ва ин як омили мӯътадилкунанда мебошад.
Сӯҳроб Шарифов мушовири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аст. Мушовири сиёсӣ.
XS
SM
MD
LG