Пайвандҳои дастрасӣ

Камаз ва ҳероин


Бино бар навиштаи расонаҳо, ки ба ахбори сарчашмаҳои расмӣ такя мекунанд, як қисмати умдаи маводи мухаддир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон тавассути мошинҳои сангини борбар ба Русия интиқол мешавад. Тайи чанд соли охир дар зеҳнҳо чунин андеша ҳукмрон шудааст, ки тавассути мошинҳо ва ё комюнҳои борбар, ки ба Русия аслан меваҷот ва сабзавот ҳамл мекунанд, бояд маводи мухаддир низ интиқол шавад. Кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ низ чунин навъи мошинҳоро бо ҷиддият ҳангоми убуру мурур аз постгоҳҳо назорат мекунанд. Худойназар Асозода - сухангуи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи як чунин талош барои интиқоли маводи мухаддир тавасути як мошини сангини навъи "Камаз" нақл мекунад, ки ахиран кашф ва забт шудааст: "Аз автомашинаи тамғаи "Камаз" зиёда аз 140 кило ҳероин мусодира гардид, ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷиноят даст доштанд.»
Агарчанд на ҳамеша ин бори онҳо ба манзили мақсуд мерасад. Аммо ба навиштаи расонаҳо, мушоҳида мешавад, ки бархе аз ин мошинҳо ва соҳибони онҳо муваффақ мешаванд, то маводи мухадирро ҳамроҳ бо меваҷот ва сабзавот ба берун аз кишвар ҳамл кунанд.
Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ ва амниятӣ вақтҳои ахир барои интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон аз мошинҳои мартуб ба ҷумҳуриҳои дигар истифода мешавад, зеро ин мошинҳо, масалан бо тамғаи Русия ё Қазоқистон метавонад, назар ба мошинҳои Тоҷикистон дар масир бемамониаттар ҳаракат кунанд ва постгоҳҳоро убур намоянд. Сухангуи вазорати дохила ҳатто аз як маврид боздошти чунин мошин марбут ба шаҳрвандони Украина хабар медиҳад: "Ин мошин мутталиқи Украина буд, дар робита ба он шаҳрвандони Узбакистон, Украина ва Узбакистон низ боздошт шуданд."
Интиқоли мавод тавассути мошинҳои худи Тоҷикистон ба далели мушкил шудани рафтуомад ва убур аз гузаргоҳҳои марзӣ камтар шудааст. Бино ба маълумоти манобеи мухталиф, бор аслан аз маконе ба маконе масалан ба минтақаҳои марзӣ тавассути мошин мунтақил ва баъд аз марз бо роҳҳои пиёдагард гузаронидани он то марзи давлати дигар бо мошин интиқол дода мешавад, ки дар чунин сурат кашфи маводи мухаддир дар дохили қаламрави кишварҳо мушкилтар аст. Як роҳи дигари интиқоли маводи мухаддир ҳамчунон қаторҳои мусофирабар ва ё борбарии Тоҷикистон Русия боқӣ мондааст.
Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи мақомоти интизомии Тоҷикистон, садҳо шаҳрванди ин кишвар дар маҳбасхонаҳои Русия ва дигар кишварҳои шуравии собиқ ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар боздошт ба сар мебаранд. Ва расонаҳои Маскав руз дар миён аз боздошти шаҳрвадони Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар медиҳанд. Аваз Юлдошев, сухангуи Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, мегуяд, боздошти гуруҳҳои қочоқбар, ки агар аз Тоҷикистон маводро бурда бошанд, дар дохили Русия низ дар бисёр маврид бо мусоидати ниҳодҳои Тоҷикистон сурат мегирад.
У мегуяд, миёни Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир ва ниҳодҳои мухталифи Русия, хусусан Кумитаи давлатии назорат бар гардиши маводи мухаддири он кишвар муносиботи хуби ҳамкорӣ дорад.
Ба гуфтаи Аваз Юлдошев, аз ибтидои сол то кунун кормандони Оҷонси назорат бар маводи мухаддир 51 амалиёти вижа барои боздошти гуруҳҳои қочоқбар доир кардаанд ва аз ҷумла 75 нафарро дар ин робита боздошт кардаанд. Бисёри чунин боздоштҳо дар гузаргоҳҳои марзӣ сурат мегирад.
Аммо ба навиштаи расонаҳои Маскав бисёре аз мақомоти Русия дар симои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон қочоқбари маводро мебинанд. Алихон Муҳаммадиев, як корманди ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мегуяд, ин тасаввур ғалат аст, ки ҳар касе аз Тоҷикистон ҷониби Русия меравад, бо худ маводи мухаддир ҳамл мекунад: "Ҳеҷ имкон надорад, ки Тоҷикистон ба танҳоӣ тамоми Русия ва Аврупоро бо маводи мухаддир таъмин кунад, ин кор имкон надорад. Бисёр чунин хабарҳоро дар расонаҳои Маскав мешунавем, ки ба воқеъият мутобиқ нестанд. Дар фурудгоҳҳо тафтишот хеле ҷиддист, ҳар руз аз Тоҷикистон ба Русия тавассути ҳавопаймо то 600 нафар сафар мекунад, магар имкон дорад, ки ҳар кадоми он маводи мухаддир ҳамл кунад. Албатта чунин мавридҳое ҷой дорад, аммо на ба он сурате, ки расонаҳои Маскав тасвир мекунанд."
Аммо Рашид Ғанӣ коршиноси барномаи мо муътақид аст, ки дар роҳи мубориза бо маводи мухаддир роҳҳои интиқоли он чандон муҳим нест. Бояд сабабҳои интиқоли он пайдо шавад ва дунёи ғарб бояд ба дунболи он бошад, ки чаро тақозо ва ниёзмандӣ дар он ҷомеа ба маводи мухаддир меафзояд. У мегуяд, агар ниёз ба маводи мухаддир дар ғарб коҳиш ёбад, тавлид ва интиқоли он тавассути ҳар воситае низ коҳиш пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG