Пайвандҳои дастрасӣ

Хомушии скинхедҳои Русия дар зодрузи Гитлер фиреби назар аст?


Полиси Волгоград 6 тан аз ширкаткунандагони ҳамла болои тоҷикон ва афғонҳо дар бозори шаҳрро, ки дар пайи он 1 нафар кушта ва 18 тан захмӣ шуданд, боздошт кард.
Ба навиштаи дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Русия, боздоштшудагон узви гуруҳҳои муташаккили ҷиноии шаҳр мебошанд. Ёдоварӣ шудааст, гуруҳи 26 нафарӣ, субҳи 7 апрел бо калтакҳои оҳанӣ ба бозорнишинон, ки аксари онҳо тоҷикон ва афғонҳо буданд, ҳуҷум карданд. Дар пайи ҳамла 18 фурушанда бо захмҳои гуногун ба бемористон хобонида шуданд. Як нафари онҳо, ки табаъаи Афғонистон буд, ҷони худро аз даст дод.
Гуфтанист, моҳи апрел дар Русия маъмулан замони хуруҷҳои густурдаи скинхедҳост. Скинхедҳо худро мансуби ақвоми ориёӣ ва пайрави Гитлер, пешвои фашистони қарни бист медонанд ва дар зодрузи Гитлер ҳамла ба мардумони ғайриориёиро яке аз муқаддасоти фаъолияти худ меҳисобанд. Ба эътиқоди скинхедҳои Русия ин кишвар бояд аз ақвоми ғайриславянӣ пок шавад. Бино ба хабарҳои интишоршуда, дар тамоми шаҳрҳои Русия дастаҳои мутташакили скинхедҳо фаъол ҳастанд ва аксаран аз ҷониби намояндагони миллатгарои мақомот пуштибонӣ мешаванд.
Ҷунбиши скинхедҳо дар Русия аз миёнаи солҳои навад шуруъ шудааст. Онҳо таий ин замон дар заминаи оштинопазирии миллӣ одами зиёди бегуноҳро ҳалок кардаанд. Аз ҷумла, скинхедҳои Санкт-Петербург тайи як сол ду кудаки тоҷик, Нилуфар Сангбоеваи 7-сола ва Хуршеда Султоноваи нуҳсоларо ваҳшиёна ҳалок карданд. Куштори ахир дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ вокуниши шадид ба бор овард. Ва мақомоти Русияро водор ба бознигарии ҷиддӣ ба масоили қавмӣ дар кишвар кард. Дар қиёс бо солҳои пешин, ки моҳи апрел расонҳои хабарии Русия мардумро аз хуруҷи скинхедҳо зиёд бим медоданд, моҳи апрели соли равон сукут ихтиёр кардаанд. Ва зоҳиран скинхедҳо ҳам гуё вуҷуд надоранд. Аз ҷумла, дар Маскав ҳам. Ба ҳар ҳол ба манзури ошноии бештар ба вазъ дар ин замина ба Идораи марказии пулиси шаҳри Маскав занг задем. Сухангуи пулис хабар дод, шаҳр ором ва таҳти контрол аст.
Ва аммо гуфта мешавад, оромии скинхедҳо имсол дар зодрузи Гитлер як навъ манёрви ҳисобшуда аст. Хуруҷи скинхедҳо дар Русия дар рузҳои баъдӣ аз эҳтимол дур нест.
XS
SM
MD
LG