Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши ҳукумати Тоҷикистон доир ба риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар


Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар як ҳамоиш дар Душанбе хостори риояи амалии ҳукумати Тоҷикистон аз арзишҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар шуданд. Дар ин ҳамоиши дуруза намояндагони Дафтари мусоидат ба сулҳи Тоҷикистони Созмони Милал, Оҷонсии рушди Шветсия ва кормандони созмонҳои ғайридавлатии риштаи ҳуқуқ ширкат дошта, гузориши ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд.
Дар ин гузориш омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба хотири мустақилияти додгоҳӣ дар кишвар дар соли 2000 Қонун дар бораи Шурои Адлия ба тасвиб расонид. Бо таҳрири Кодекси ҷиноӣ занҳои ҳомила ва занҳои дорои кудакӣ то сесола аз муҷозот озод карда шуданд.
Дар пешнависи гузориши ҳукумати Тоҷикистон баробарии зану мард дар ҳар шароит ва ҳолат эълон дошта шудаст. Аммо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мегуянд, дар ин пешнавис масоили вобаста ба баробарии ҳуқуқи марду зан, зану шавҳар ва ҳар масъалаи дигар рушан ишора шудааст, вале роҳҳои татбиқ дар ҳолатҳои зарурӣ гуфта нашудааст.
Роман Верушевский, намояндаи Созмони Милал гуфт, дар маҷмуъ пешнависи ҳукумат як навъ санаде мебошад, ки ба инсонсолорӣ дар ҷомеаи худ авлавият медиҳад, аммо ин авлавият бояд ба таври амалӣ татбиқ карда шавад: "Мутаасифона, дар пешнавис бурҳонҳои рушани татбиқи унсурҳои ҳуқуқи инсон ба таври кофӣ нишон дода нашудааст. Бештар тарҳи алтернативие, ки аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, комилтар ва фасеҳ мебошад. Аммо дар маҷмуъ марҳилаи омода гаштани пешнависҳо ҷолиб аст, ки ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам созмонҳои ғайридавлатӣ паси мизи музокира менишинанд ва масоили марбут ба ҳуқуқи инсонро ру ба ру баррасӣ мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки тарҳҳо пухтатар ва комилтар шаванд."
Тарҳи гузориши ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон аз 27 модда иборат мебошад. Иштирокдорони ҳамоиш мегуянд, агар мақомоти Тоҷикистон дар роҳи боз ҳам шафофтар намудани қонунҳо ва кодексҳои марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандон кушиш кунанд, ин обруи кишварро дар арсаи байналмилал хоҳад афзуд.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG