Пайвандҳои дастрасӣ

Манёврҳои сиёсии ҳукумат, асри 21 асри тоҷиккушӣ


Бозгашти Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократ, ба Душанбе ва нишасти матбуотии у дар шумораҳои нашрияҳои инҳафтаинаи чопи Душанбе инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, нашрияи "Азия Плюс" бо Муҳаммадрузӣ Искандаров мусоҳибае анҷом додааст. Искандаров ба суоли хабарнигор, ки раҳоии эҳтимолии собиқ мухолифинро аз суи давлат як манёври сиёсӣ барои дубора зиндонӣ кардани онҳо намедонад, ҷавоб додааст, ки ин эҳтимолро истисно намесозад.
"Асри 21 асри тоҷиккушист?" Таҳти ин унвон ҳафтаномаи "Неруи Сухан" дар бораи кушта шудани боз як муҳоҷири кории тоҷик аз дасти скинхедҳои рус матлаберо ба нашр расонидааст. Дар матлаби мазкур омадааст, Сафархуҷа Чиллаеви 19-сола дар яке аз хоҷагиҳои фермерии шаҳри Волгоград мардикорӣ менамуд ва чанд руз қабл аз бозгашт ба ватан рузи равшан дар бозор бо фашистони навбаромади рус ру ба ру меояд ва онҳо бо тарзи ваҳшиёна уро ба қатл мерасонанд.
Ҳафтавори "Наҷот" низ дар робита ба ин куштор бо дарҷи як мақола ба мавзуи идомаи куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия пардохтааст. Бино ба навиштаи нашрия, бетафовутию беамалии мақомоти зирабти Русияву Тоҷикистон дар қиболи ҷиноятҳои сангине, ки зидди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сурат мегирад, боис шудааст, ки қатлу куштори шаҳрвандони тоҷик руз ба руз меафзояд.
"Наҷот" бетаваҷҷуҳии мақомоти шаҳри Душанберо ба Боғи ҳайвоноти шаҳр танқид кардааст. Муаллиф Боғи ҳайвонотро "доғи ҳайвонот" номида, навиштааст бо ҳама наздикиаш ба марказ, боғи мазкур аз назари масъулони Душанбе дур мондааст. Ба навиштаи муаллиф, агар соҳиби делфин будани як тан аз шаҳрвандони пойтахт дуруст бошад, пас дар Боғи ҳайвоноти Душанбе набудани он барои ҷумҳурӣ айб аст. "Наҷот" навиштааст, боигарии асосии Боғи ҳайвоноти Душанбе имруз чаҳор хирс, як рубоҳу ду-се каргас аст.
"Вечерний Душанбе" дар нашри тозаи инҳафтаинааш як номаи саркушода бо имзои 34 корманди Пажуҳишгоҳи зилзисанҷии Академияи улуми Тоҷикистонро дар эътироз ба шеваи барканории академик Собит Неъматуллоев аз мақоми раҳбарии пажуҳишгоҳи мазкур ба чоп расонидааст. Муаллифони нома бо таъкид ба хидматҳои тулонии академик Неъматуллоев дар роҳи рушди илми зилзилашиносии тоҷик аз у ба унвони як олими саршиноси дар шуравии собиқ ва ҷаҳон ёд намудаанд.
Муаллифони нома навиштаанд, ки ҳайъати Пажуҳишгоҳи зилзилашиносӣ аз қарори Академияи Улум такон хурдаанд ва ангезаи онро танҳо ғаразҳои шахсии иддае медонанд, ки мехоҳанд обру ва нуфузи байналмилалии ин олими шинохтаро нодида бигиранд.
"Вечерний Душанбе" навиштааст, ки ҳайъати кормандони пажуҳишгоҳи мазкур ҳамчунин бо ирсоли номаи саркушоде ба унвонии президенти Тоҷикистон хостори дахолати вай ба ҳалли ин қазия шудаанд.
XS
SM
MD
LG