Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

50 000 доллар - барои пирузӣ дар Олимпиада!


Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон бар ҳар варзишгари тоҷик, ки дар бозиҳои олимпии Афина даст ба қаҳрамонӣ ёбад, ба маблағи 50 000 доллар ҷоиза муқаррар кардааст.
Раиси ин кумита Ғаффор Мирзоев дар анҷумани навбатии кумитаи олимпӣ бо эълони ин хабар гуфт, либоси варзиширо барои тими олимпии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои миллии кишвар дар ширкати Каппа, як ширкати машҳури либосҳои варзишии Итолиё хоҳанд духт.
Ношири ин хабар, ожонсии "Азия Плюс" меафзояд, то ҳол аз Тоҷикистон 7 варзишгар - Гулсара Додобоева, Наргис Набиева, Лидия Карамчакова, Наталя Иванова, Шералӣ Достиев, Шомил Алиев ва Юсуф Абдусаломов - роҳхати бозиҳои Афинаро ба даст овардаанд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG