Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши нави Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон


Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гузориши худ дар бораи нақзи ҳуқуқи журналистон дар ин кишивар зарфи ҳафт моҳи охирро интишор кардааст. Дар гузориши мазкур тули ҳафт моҳ, яъне аз аввали сентябр то поёни моҳи март 207 маврид нақзи ҳуқуқи хабарнигорон сабт шудааст. Аз ҷумла бештар аз 40 маврид даст наёфтани журналистон ба манобеи ахбор ва ё ҳамкорӣ накардани мақомот бо расонаҳо ва инчунин дар чор маврид таҳдид ба унвони хабарнигорон ошкор шудааст. Ва бештар аз ҳар мавриди дигар омадааст, дар гузориши мазкур маҳдуд кардани ҳуқуқи журналистон ба манобеъи хабарӣ ва таҳдид ба ҷони онҳо мушоҳида мешавад.
Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегуяд, як сол инҷониб дар ҷараёни назорат ба иҷрои Қонуни матбуот ва нақзи ҳуқуқи журналистон мавридҳои фаровони қонуншиканӣ аз ҷониби масъулин ошкор ва эълон шудааст, вале то кунун пешрафти ҷиддие дар ҷиҳати ислоҳи вазъият мушоҳида намешавад. Мақомот ба ҷои ҳамкорӣ ва ислоҳи вазъи пешомада баъзан нисбати чунин гузоришҳо эътироз пеш меоранд. Масалан, дар гузориши пешинаи мазкур муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов барои рад кардани дархости журналистон ҷиҳати дарёфти иттилоот танқид шуда буд.
Нуриддин Қаршибоев мегуяд, муовини сарвазир у ва дастандаркорони гузоришро даъват карда ва иртибот гирифтани ҳар журналистеро бо худаш рад карда ва гуфтааст, дархости кадом хабарнигорро рад накардааст. Аз Нуриддин Қаршибоев пурсидам, ки оё даъвати муовини сарвазирро ба унвони нақзи дубораи ҳуқуқи журналист намедонад?
Вай гуфт: Албатта, вақте моро даъват карданд, мо метавонистем наравем. Ба муовини сарвазир хуш наомада буд, ки номи уро дар гузориш зикр кардем, аммо мо суҳбат кардем ва моҳияти масъаларо фаҳмонидем ва гуфтем ҳамкорӣ ба манфиати ду тараф аст."
Аммо Усмон Назиров узви Кумитаи байналимилалӣ ва иттилооти парлумони Тоҷикистон, ки дар муаррифии гузориши нақзи ҳуқуқи журналистон ширкат дошт, мегуяд, танҳо роҳи ислоҳи вазъи феълӣ талоши пайгиронаи кормандони расонаҳо дар ҷиҳати амалӣ гаштани Қонуни матбуот аст, то бадон васила ҳамкории мақомот бо расонаҳо расм шавад. У мегуяд, дар ҳар сурат хабарнигорон бояд иҷро шудани мафоди Қонуни матбуотро аз мақомот тақозо намоянд: "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни матбуоти Тоҷикистон дар ин қонунҳои ҳуқуқи журналистон барои талаб кардани иттилоъот муайян карда шудааст. Журналистон бояд ҷасур бошанд."
Ба назари оқои Назиров, як иллати дигари ба иҷро нарасидани қонунҳо пастии сатҳи дониши ҳуқуқии ҳам бисёре аз мақомдорон ва ҳам журналистон аст.
Аммо дар баробари он, ки дастрасӣ ба манобеъи хабарӣ аз мушкилоти умдаи матбуот ва расонаҳои мустақил маҳсуб мешавад, масъулини нашрияҳои "Рузи Нав" ва "Неруи Сухан" мегуянд, ки чопхонаҳо ҳамчуннон аз муҳимтарин василаи фишори ҳукумат болои матбуоти чопӣ боқӣ мондааст. Ин ду ҳафтанома то кунун иҷозаи нашр шудан дар танҳо чопхонаи махсуси рузномаҳо дар шаҳри Душанберо, ки дар ихтиёри дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ мебошад, пайдо накардаанд.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG