Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дуои Бобои Кабири 102-сола дар ҳаққи ҷавонон


Бобои Кабир тули умри яксаду дусолаи худ аз шаҳри Душанбе дур нарафта, се давлатро дидааст. Бобои Кабир ҳам салтанати амирро дидааст, ҳам дар даврони ҳокимияти Шуроҳо зистааст ва ҳам шоҳиди давлати мустақили тоҷикон гардидааст. Овозаи ин пирамарди якасраро шунида, ба меҳмонияш рафтем. Кабир Аминов - куҳансолтарин сокини деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор, ба мисли аксари мардуми оғози асри бист туфулият ва ҷавонии пуразоберо аз сар гузаронидааст. Қабл аз у волидонаш нуҳ писарро дар тифлӣ аз даст додаанд ва чун соли 1902 писари даҳумашон таваллуд меёбад, номашро Кабир мегузоранд, то бузург шавад. Ин дуои волидон мустаҷоб мегардад ва инак Бобои Кабир имсол аз насими баҳории саду дуввумини худ нашъа мегирад.
Ҳануз дар тифлӣ Кабиршоҳ аз модар маҳрум мемонад. Кудаки аз буи модар сер нашуда, ба дасти модари угай меафтад:«Камтар, ки мезаду мекуфт, ғам медодагмона. Мо ҳам бачагӣ-да ғам медодем-да, албатта. Хай, ба хорию ба зорию камбағалӣ қатӣ зиндагӣ кардем, гузаштем. Падармон ҳам одами камбағал буд.»
Дар замоне, ки сохтори давлатии ватани Кабиршоҳ аморат буд, падари фақираш ба ҳар ҳол талош мекард, ки ягона фарзандаш саводи динӣ гирад ва барои ҳамин уро назди муллои деҳ мегузорад. Аммо пас аз сар задани инқилоб ва расидани мавҷи он ба деҳаҳои дурдасти куҳистониву аз ин қаряҷот рондани босмачиҳо, ба деҳаи Мортеппа як муаллимро мефиристанд, то ки ба мардум илмҳои навро омузонад. Зеҳни тез ва қобилияти зуддаркии уро ба назар гирифта, уро ба Душанбе мебаранд ва ба омузишгоҳ дохил мекунанд. Омузишгоҳро аъло ва бо ихтисоси роҳсоз ё ба қавли худаш «дорожный мастер» хатм мекунад. Вале бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазифаи Кабиршоҳ Аминов тағйир меёбад. Акнун у муваззаф буд, ки ба марду зан кори ҳарбиро омузонад: «Немис лағад карда омадай охӣ. Масква-да омадай, Сталина ҷонуш питир-питир кардестай. Ана баъд мабилизатсия шуде, дига на Тоҷикистонуш монду на ҷои дигараш, фаррас тайёр мекунӣ-да тайёр мекунӣ.»
Он вақт ҳамчунин ҷамъоварии андоз низ ба души Кабиршоҳ Аминов гузошта мешавад: «Налуги (андози) ваенный, налуги бездетный (бефарзандӣ) . Шумо бори бачоҳо зан нагирифте, ту чува зан нагирифтӣ гуфта, туя сесад сум налуги безанӣ мебастанд. Духтарора, чува шу накардӣ? Туя айёми шукунит шудай шу накардӣ. Вайам налуги бешавҳарӣ мебастанд. Хай, ана аку зану шавҳара. Ту чува кудак надорӣ, гуфта, налуги бездетнӣ мебастанд. И ҷавра бин.»
Ҳангоми суҳбат бо ёд овардани он замон дар чеҳраи Бобои Кабир осори ҳузн пайдо мешуд. Мардум ҳоли бисёр ҳам зор доштанд, мегуяд бобои Кабир: «Да болои сари бачаш истодам, бачаш да у ҷа ховай «оча нон, оча нон,» Э очат бумура охӣ, чӣ бутумта, ина да дег отала кардам, ҳозир отала метум». Оталаи чӣ, ина ҳамӣ кунҷолаи куфтагӣ. Бақ-бақ-бақ да дег чушидестай. Занак кунҷолая овард, дар ҳалқи бачаш рехт, бачаш топӣ карду да ҷош ҷон дод. Худум гиря кардум. Ман гуфтум, э рум сиёҳ, ин чӣ рузи сиёҳай.»
Аммо зиндагии мансабдорон дар он замони пуршуру шарар ҳам куллан дигаргун буд: "Эҳе калоно дузди қаттол шуда буданд. Халқа бо бисёртар ҳамино ғорат мекарданд.»
Ин ҷо дар ман суоле пайдо шуд, ки вазъи худи андозчин Аминов чӣ гуна буд? Аз он мардуми бенаво, ки аз гуруснагӣ ҷон медоданд, чӣ мегирифт: «Списат кардум-да. Ҷонма ба Молики Ҷаббор супоридуму ҳамина списат кардум. Қатим меравӣ гуфтум райкома. Ана ай ҳамиҷат ай хирнойут (гулу) меқапум, мебарум хонаи ҳаму одамо, ба чашми худут мебинӣ. Метарсан райкомо. Исполкомо метарсан.»
Дигаргунии чеҳраи бобои Кабир аз эҳсосоти у вобаста ба суолҳо оид ба ин ва ё он ҳодиса дарак медод. Барои аз ҳузн дур сохтани у аз издивоҷаш пурсон мешавам. Бобои Кабир дар синни қариб сисолагияш хонадор шудааст. Табиист, ки арусро танҳо шаби арусӣ дидааст. Аз тафсилоти бештар оид ба сури арусияш бобои Кабир худдорӣ кард, аммо ин ҷо каме хост дам гирад, хост то ман асбоби сабтамро хомуш кунам ва барои ҳамин ба мисли дипломатҳо аз ман пурсид: «Чоякот хунук меша, биё чой бухуре ин гапи дарозай. Ба мегумут ҳамин гапоя."
-Шумо гуфтан гиред, ман ба шумо чой мерезам.
-Майлаш, ана баъд балам. (чой менушад.)
-Ана баъд.»
Ана баъд соли 1970 агар хотирааш мусафеди Кабирро фиреб надиҳад, ба нафақа мебарояд. Аз ҷавонӣ ба чуз ин ҳодисаҳои талх дигар чизеро ёд надорад. Дар бачагӣ на хандаву шухӣ кардааст, на латифа шунидааст, на суруд гуш кардааст, танҳо кор кардаасту меҳнат, ранҷ кашидаасту азоб.
Имруз кори бобои Кабир аз он иборат аст, ки зуд-зуд ба шумурдани набераву абераҳояш мепардозад. Аммо ҳисоби дурусти онҳоро ҳеҷ намеравад. Мегуяд, аз ду писару ҳафт духтар қариб шаст набераву абера дорад ё шояд ҳатто бештар аз он: «Номам дига намондай ба Худо ай дастаи бисёрии ҳаминоя. Охӣ, не тешаву не тавару не алафу не кунда»
Вале ҷавонони имрузро бобои Кабир ба он даъват мекунад, ки тибқи имконоташон фарзанд таваллуд кунанд, то ҳам саломатии худро нигоҳ доранд, ҳам фарзандони худро нағз тарбия карда тавонанд. Бобои Кабир ҷавононро насиҳат мекунад, ки инсондуст бошанд, аз корҳои бад парҳезгор бошанд, ба роҳи некӣ раванд, хонанд, фарзандонашонро хононанд, ба волидон ва ватанашон хидмат кунанд. Ва дар охир Бобои Кабир дасти дуо бардошт, ки бигзор ҳама ба синни у бирасанд ва бигзор мисли у дар синни яксаду ду солагӣ низ бо пои худ роҳ раванд.
XS
SM
MD
LG