Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси иттиҳоди "Осиёи Марказӣ - хонаи ягонаи мо"


Гуруҳи сиёсатмадорон, ҳуқуқшиносон ва рузноманигорон, намояндагони ҷамъиятҳои аққалиятҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ - Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон хостори таъсиси як иттиҳод зери унвони "Осиёи Марказӣ - хонаи ягонаи мо" шуданд.
Барои таъсиси ин иттиҳод дар шаҳри Душанбе 18 апрел як нишаст сурат гирифт, ки дар он зарурати баргузории як конгресс ҷиҳати эълони ин иттиҳод таъкид шуд. Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон, собиқ фармондеҳи оппозитсиюни пешини тоҷик, раиси кумитаи тадорукоти конгресс интихоб шуд. Овозхони шинохтаи тоҷик Ҷурабек Муродов муовини раис пазируфта шуд.
Муҳаммадрузӣ Искандаров мегуяд, ҳадафи кумитаи тадорукот, баргузор кардани конгресси байналмилалӣ ба хотири созмони ин иттиҳод мебошад. Ба гуфтаи вай, ин иттиҳод ғайриҳукуматӣ буда, бештар халқӣ хоҳад шуд. Ва сиёсатмадорону чеҳраҳои бонуфуз, кормандони соҳаи иқтисод ва фарҳанги кишварҳо дар он ҷамъ меоянд ва ба ҳукумат ва мақомоти он роҳи ҳалли масоили мавҷуд ва мушкилоти байни кишварҳоро нишон медиханд.
Муовини раиси кумитаи тадорукоти конгресс Ҷурабек Муродов роҷеъ ба ҳадафи аслии ин иттиҳод мегуяд: "Иттифоқ шавад, иттифоқи Осиёи Марказӣ, чунки мо дар як ҷо зиндагӣ мекунем. Сарҳадҳо кушода шаванд, рафтуомад шавад, додугирифт шавад."
Намояндагони кишварҳои дигари Осиёи Марказии собиқ Шуравӣ низ ба ин иттиҳоди таъсисмешуда бо назари нек менингаранд ва зарурати ҳамчунин як иттиҳодро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ мекунанд. Қулибек Баканбаев - мушовири раиси парлумони Қирғизистон - мегуяд: "Ман фикр мекунам, ки сухан дар бораи иттиҳод меравад ва намунаи беҳтарини онро дар мисоли Иттиҳодияи Аврупо метавон дид. Бубинед, давлатҳои узвро пули ягона, фазои ягонаи иқтисодӣ ва марзҳои боз гирди ҳам овардаааст ва чаро инро дар Осиёи Марказӣ нашавад таъсис надиҳем. Ҳадафи аслии мо ҳамин аст."
Дар ҳамин ҳол Муҳаммадрузӣ Искандаров ба унвони раиси кумитаи тадорукоти баргузории конгресс ва Қулибек Баканбаев ба ҳайси мушовири раиси парлумони Қирғизистон ба тарҳи як созшнома оид ба иттиҳоди иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон имзо гузоштанд.
Онҳо изҳор доштанд, ки агар конгресс ин тарҳро тасвиб кунад, ин иттиҳод ба фаъолият шуруъ хоҳад кард ва ин иқдом шуруи фаъолияти созмони иттиҳоди "Осиёи Миёна - хонаи ягонаи мо" хоҳад буд. Бар асоси барнома, конгресс пас аз таҷлили ҷашни 80 - солагии шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG