Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани тоҷикони вилояти Иркутски Русия


Тоҷикони муқими вилояти Иркутски Русия анҷумани дуввуми минтақаии худро доир карданд. Дар анҷуман, ки бо ибтикори созмони фарҳангии «Сомониён» баргузор гардид, намояндагони тоҷикони дигар шаҳрҳои минтақа ва намояндагии мақомоти муҳоҷиратии вилояти Иркутск ширкат доштанд. Вакилони анҷуман мавзуъи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гуфтаи Шоҳин Маҳмадбеков, раиси созмони "Сомониён", дар вилоят ҳудудан 10 ҳазор муҳоҷирони тоҷик ба сар мебаранд ва тақрибан 50 дар сади онҳо муқимӣ шудаанд. Аммо бархе, ки ба ҳайси коргари мавсимӣ вориди минтақа мешаванд, ба мушкилоти ҳуқуқӣ рубару ҳастанд. Вакилони анҷуман ба манзури ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирон хостори ҳамкории судманд бо мақомоти умури дохила, хадамоти муҳоҷиратӣ ва идораи паспорту раводиди вилоят шуданд.
Дар ҷавоб, коршиноси аршади хадамоти муҳоҷиратии вилоят Светлана Демченко, тайи суханони худ аз муҳоҷирони тоҷик хостори мурооти қонунҳои Русия шуд. Вай ба манзури раҳнамоии муҳоҷирони тозаворид ба вакилони анҷуман як даста асноди ҳуқуқиро ироа кард.
Вилояти Иркутск дар бахши сибирии Русия яке аз минтақаҳои пешрафтаи санъатӣ аст. Тоҷикон ба ин минтақа аввали солҳои навад ворид шудаанд. Онҳо аслан дар сохтмонҳо ва бозорҳо кор мекунанд. Ба гуфтаи Маҳмадбеков, созмони фарҳангии «Сомониён», ба ҳайси як итиҳоддияи марказии тоҷикони Иркутск беш аз 4 ҳазор аъзо дорад. Бо ибтикори созмон ҳарсола дар минтақа базмии милли «Гули лола» баргузор мегардад. Базми "Гули лола" имсол ба аввали моҳи июн барномарезӣ шудааст. Созмони «Сомониён» дар вилояти Иркутск яке аз 24 ташкилоти минтақаии тоҷикон дар Русия мебошад. Ин маҳфилҳо байни худ робита доранд ва дар фикри ташкили як иттиҳодияи фарҳангии миллии саросарии тоҷикони муқими Русия ҳастанд. Шумораи тоҷикон дар Русия наздик ба як миллион гуфта мешавад.
Муҳаммадраҳими Сайдар
XS
SM
MD
LG