Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада омодаи сармоягузории барномаи маҳви минаҳо дар Тоҷикистон аст


Рузи ҷумъа конфронси байналмилалии таҳаққуқи шароити Конвенсияи Оттава дар шаҳри Душанбе ба кори худ поён дод. Дар маросими хатми конфронси мазкур Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Уилям Пейтон - ҳамоҳангсози барномаҳои СММ дар ин кишвар ва шаҳбонуи Урдун, Нур хостори амалкарди кишварҳои узви Конвенсияи Оттава дар ростои тааҳҳудоташон ҷиҳати нобудсозии захоири минаҳо ва ҳамкории ҳарчи бештар дар ин замина шуданд. Шаҳбону Нур гуфт: "Ман талош мекунам, тамоми имконоти мумкинро ҷиҳати гирди ҳам овардани ашхос ба манзури ёфтани роҳи ҳал барои масъалаи хунсо намудани майдонҳои мина ва таъмини амнияти аҳолии осоишта истифода кунам. Аммо он чи ки ба масъалаи минаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дахл дорад, наметавонам, дар ҳалли он дахолати мустақим дошта бошад."
Шаҳбону Нур гуфт умедвор аст, ҳамаи кишварҳои минтақа ба Конвенсияи Оттава хоҳанд пайваст ва кишварҳои узв тааҳҳудоти худро то поён иҷро хоҳанд кард.
Аммо Салоҳиддин Насриддинов, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ дар амри поксозии марзи Тоҷикистон бо Узбакистон аз мина танҳо метавонанд, кумаки моддӣ ва техникӣ дошта бошад. Масъулият ва салоҳияти ҳалли ин масъала як кори байнидавлатӣ аст: "Мо талош дорем, ин масъаларо тавассути ниҳодҳои давлатӣ ҳал кунем. Мо як комиссияи муштараки байнидавлатӣ дорем, ки сари ҳар шаш моҳ як бор ташкили ҷаласа медиҳад ва мо қасд дорем, дар ҷаласаи навбатӣ масъалаи поксозии марзро аз мина матраҳ кунем."
Оқои Насриддинов ҳамчунин афзуд, Тоҷикистон тибқи барномаи таҳиясохтаи худ дар сурати пуштибонӣ ёфтани ин барнома аз ҷониби созмонҳо ва кишварҳои кумакрасон то соли 2010 тамоми майдонҳои минаро поксозӣ хоҳад кард. Барои анҷоми ин кор дар соли равон бояд аз ҷониби ниҳодҳои кумакрасон то ду миллион доллар ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор шавад. Ба гуфтаи ҳамоҳангсози барномаи СММ дар Тоҷикистон, то кунун созмонҳо ва кишварҳое, аз ҷумла кишвари Канада барои сармоягузории ин барнома изҳори омодагӣ кардааст.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG