Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории Собит Неъматуллоев аз вазифаи раиси Пажуҳишгоҳи зилзиласанҷӣ


Раёсати Академияи Улуми Тоҷикистон бо судури як қарор дар авоили ҳамин ҳафта мудири Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии кишвар академик Собит Неъматуллоев, донишманди шинохтаи риштаи зилзиласанҷиро бо сабаби анҷоми давраи мудирият дар пажуҳишгоҳ аз вазифа барканор намуд.
Бар асоси қарори Академияи Улум мудири пажуҳишгоҳ ҳақ дорад дар ду давраи 5 сола, бо ба даст овардани ғолибият дар интихобот дар раёсат бимонад. Дар мавриди академик Неъматуллоев бар иловаи анҷоми давраи мудирият масъалаи синну сол, ки вай наздик ба 70 сол дорад, сабаби барканорӣ аз ин масъулият низ шудааст.
Ҳаким Аҳмадов, муншии илмии академияи улуми Тоҷикистон дар робита ба ин масъала мегуяд: "Бо сабаби ин ки муҳлати интихоби вазифаи директори институти зилзилашиносии Академияи улуми Тоҷикистон академик Собит Неъматуллоев ба итмом расид, он кас аз вазифааш сабукдуш шуд. "
Аммо академик Неъматуллоев мегуяд, барои аз вазифа дур кардани у раёсати академия як амали пурғаразро анҷом дод. Ин ки бо ҳамроҳ кардани номи у дар як китоби пуриштибоҳ таҳти унвони "Стратегияи миллии барномаи амал дар соҳаи зилзиласанҷӣ" ба унвони ҳаммуаллиф заминаи аз вазифа дур сохтани уро дуруст кардаанд. Ва ҳамин боиси барканории у шудааст.
Оғои Неъматуллоев мегуяд: "Ин ҳамон китобест бо номи "Националный план действий", ки пур аз хатост, аммо маро ба сифати муаллиф зикр кардаанд. Гуё ман нависта бошам. Ин китоб ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Бишкек чоп шудааст ва дар ин китоб ГЭС-ҳои Тоҷикистон хатаровар нишон дода шудааст. Ман муаллифи ин китоб нестам. Ман гуфтам, чаро номи маро дар ин китоб ҷо додед, ин туҳматаст. Баъди ин фавран маро ба вазифаи мудири ифтихорӣ ва ба ҷои ман каси дигарро таъин карданд."
Вале мутахассисин ва кормандони Пажуҳишгоҳи зилзилашиносӣ ба ин назаранд, ки кори пажуҳишгоҳ бе раёсати академик Неъматуллоев номуваффақ хоҳад буд. Онҳо мегуянд, ҳатто таваҷҷуҳи кишварҳои кумаккунанда ва созмонҳои байналмилалии кумакрасон ба ин пажуҳишгоҳ бо номи Неъматулоев бастагӣ дорад.
Муовини мудири Маркази зилзилшиносии Пажуҳишгоҳи Академияи улум Сайфулло Муродов мегуяд: "Агар академик Неъматуллоевро аз вазифа гиранд, фаъолияти Пажуҳишгоҳи зилзилашиносӣ ба сифати як институти неруманд боз хоҳанд монд."
Ва аммо намояндагони раёсати Академияи улуми Тоҷикистон мегуянд, оғои Неъматуллоев беш аз 40 сол аст, дар раёсати пажуҳишгоҳ буд ва акнун вақти ба мутахассисини ҷавон роҳ кушодан пеш омадаст. Раёсати Академияи Улум дар ҳоли ҳозир ба ҷои Неъматуллоев, корманди Донишгоҳи техникии кишвар Ҷаҳонгир Низомовро то давраи интихоботи нави мудирияти пажуҳишгоҳ таъйин намудааст. Аммо академик Неъматулоев мегуяд, вай омодааст, дар давраи ояндаи интихоботи раёсати пажуҳишгоҳ ширкат кунад, аммо бо додани унвони мудири ифтихорӣ Академияи Улум роҳи уро бастааст.
XS
SM
MD
LG