Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коштани мина осон аст, барчиданаш хатарноку мушкил


Ширкати даниягии "Ареса Биодетекшн" аз як кашфиёти сенсатсионӣ иттилоъ дод. Кашфиёте, ки мушкили поккории майдонҳои минакоришударо куллан аз байн мебарад. Ба иттилоъи роҳбарони ин ширкат, минаҳо тавассути рустание бо номи кресс ваё вазирак ошкор мешаванд. Баъди пажуҳиши тулонӣ ва тағйири биологии вазирак олимон муваффақ шуданд, дар ҷое, ки мина маҳфуз аст, рустанӣ ранги сабзи худро ба ранги сурх табдил кунад. Зимнан, вазирак дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон низ меруяд. Дар бораи ин рустанӣ Энциклопедияи советии тоҷик навиштааст: "Вазирак аз авлоди рустаниҳои ду ва ё бисёрсолаи мансуби чиллагулҳост. Дар дунё понздаҳ намудаш паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон ду намуди вазирак аркуата ва плантагинея дар марғзор, канори роҳ ва заминҳои партов меруяд. Баландии пояи вазиран аз 30 то 70 сантиметр аст. Баргоҳри барбату паршакл, гулҳои зард, гарднайчаи кӯтоҳ дорад. Вазиракро чун сабзаи хурокӣ истеъмол мекунанд. Аз гули вазирак ранги зард мегиранд."
Ба гуфтаи олимони даниягӣ, табдили ранги вазирак аз се то шаш ҳафтаро дарбар мегирад. Симон Остергард, роҳбари ширкати "Ареса Биодетекшн" мегуяд, ошкор кардани минаҳо тавассути кресс ваё вазирак аз суи пажуҳишгар Карстен Мейер пешниҳод гардид, ки мехоҳад, ба истилоҳ, илмро дар хидмати мардум гузорад: "Барнома чунин буд, ки рустаниро барои тағйири ранг кардан водор созад, то дар дохили хок минаҳо ва металлҳои вазнинро ошкор намояд. Ва аз ин ру метавон гуфт, ки ин роҳи беҳтарини тавъам сохтани пажуҳиши амиқ бо намоиши анҷоми коре тавассути рустаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирхурда буд."
Ҷаноби Остергард меафзояд, ба тағйири генетикии рустании вазирак моҳи январи соли равон муваффақ шуданд, ҳарчанд татбиқи ин барнома ҳануз соли 2001-ум шуруъ шуда буд. Иттилоъ дар бораи кашфиёти олимони Дания вокунишҳои гуногунро ба думбол дошт. Бархе ба пажуҳиши мутахассисони даниягӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, созмони хайрияи "Кумак ба мардум" - и Норвегия изҳор намуд, ки дар мавриди тарзи ҷадиди ошкор ва нобуд сохтани минаҳо хушбин аст. Мушовири раиси ин гуруҳ дар умури минаҳои зиддинафар Геир Вҷоеравик кашфиёти олимони Данияро "иловаи деринтизор" ба шаклҳои феълии ошкор ва нобуд сохтани минаҳо номид.
Ва аммо гуруҳе ба муваффақ шудани таҷрибаи олимони даниягӣ бо назари шубҳа менигаранд. Намояндаи Гуруҳи машваратӣ оид ба минаҳои Британия Сеан Саттон суол мекунад, ки ин рустаниро дар куҷо метавон истифода кард: Он чи ки мо бояд донем, дар куҷо ва дар кадом шароитҳо истифода кардани рустанист. Дар куҷо - дар ботлоқ, дар биёбон, дар ҷангал, дар теппаҳои куҳистон?"
Симон Остергард, роҳбари ширкати "Ареса Биодетекшн" мегуяд, аз нигоҳи онҳо рустанӣ, қабл аз ҳама, бояд дар майдонҳои киштзор истифода шавад, зеро дар аксар кишварҳои ҷангзада зиндагии осоиштаро бо поккории ин майдонҳо шуруъ мекунанд. Зиёда аз ин, кресс ваё вазирак аз рустаниҳоиест, ки ба об ниёз дорад. Раиси "Ареса Биодетекшн" мегуяд, фақат баъди муваффақ шудани озмоиш дар майдонҳои кишт вазиракро дар мавзеъҳои душворгузар таҷриба хоҳанд кард. Ҷаноби Остергард меафзояд, барои пажуҳиши комили вазирак ҳадди аққал ду соли дигар зарур аст. Ва аммо "Ареса Биодетекшн" мехоҳад, соли 2006 ум як озмоиши густардаи вазиракро пиёда созад. Симон Остергард мегуяд, мо ҳануз намедонем, ки барои ин пажуҳиш кадом кишварро интихоб хоҳем кард ва аммо Босния ва Хорватия, Шри Ланка, ҳамчунин бархе кишварҳои Африко ва Осиёи Ҷанубу Шарқиро мадди назар дорем. Ба гуфтаи ҷаноби Остергард, озмоиши навбатӣ бо кумаки артиши Дания сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG