Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон харитаи майдонҳои минакоришударо ба Тоҷикистон дод


Узбакистон пас аз таъхир ва истиҳолаи дуру дароз, дар ниҳоят харитаи майдонҳои минакоришудаи марзиро дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор дод. Дар ҳоле, ки Узбакистон фикр мекард, ки минаҳоро барчинад ва ё бимонад, беш аз 70 нафар шаҳрванди бегуноҳи Тоҷикистон дар марз кушта ва беш 100 нафари дигар маҷруҳу маъюб гашт. Ва умдатан болои ин силоҳҳои маргбор онҳое, по мегузоранд, ки дар ҳеҷ низоъе ворид нестанд. Аз вилояти Суғди Тоҷикистон, ки аксар қурбониён сокинони ҳамин минтақа ҳастанд, пайваста хабар мерасад, ки фалон сокини ноҳияи бо Узбакистон ҳаммарзи Ашт ва ё Исфара ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ва ё нигоҳубини чорво ба мина бархурда кушта ва ё аз дасту пои худ маҳрум шудаанст. Мавзуи конфронси байналмилалии дуруза оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи Оттава низ дар шаҳри Душанбе истифодаи минаҳои зидди нафар дар марзи Тоҷикистон ва дар дигар кишварҳои дунё буд.
Дар конвенсияи мазкур омадааст, минаҳо низомиро аз ғайринизомӣ фарқ ва ба касе раҳм намекунанд. Ин аслиҳаи начандон қиммат ва хурд, ки дар саросаи ҷаҳон васеъ истифода мешавад, фоҷиа меорад ва азобу ранҷи алиме ба мардум мерасонад. Кофист, ки як фоҷиаи ба сари сокини ноҳияи Ашт омадаро зикр кунем, ки ду сол пеш зану фарзандаш дар майдонҳои минакоришудаи марзӣ қурбон шуданд ва имсол фарзанди дигараш. Дигар ин ки як навҷавони исфарагӣ, ки аз Русия пои пиёда ба Тоҷикистон бармегашт, то марз сиҳату саломат расид ва дар наздики хонаи худ ба мина бархурд ва маъюб шуд.
Ягона роҳи пешгирӣ аз ин фоҷиаҳо чист, барчидани минаҳо аз марз ва ҳамчунин аз дигар ҷойҳо. Абдураҳмон Азимов, раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, ки доир ба гирифтани нақшаи минаҳои марзӣ аз Узбакистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ҳамчунин гуфт, то кунун мақомоти ду кишвар доир ба барчидани минаҳо гуфтушунид доранд, аммо дар ҷараёни ин гуфтугуҳо ба истилоҳ садои минаҳо гоҳ гоҳ баланд мешаванд. Сиёсатмадорон музокира мекунанд, вале одамони бегуноҳу оддӣ ҳалок мешаванд: "Гуфтушунид гузашта истодааст, ҳама чиз гузашта истодааст, аммо ҳалокати одамон кам нашудааст, зиёд шудаасту кам не. Мина кори худро карда истодааст."
Аммо ин гуфтушунидҳо то кунун ҳосиле доданд, дар ҳоле ки ба гуфтаи Абдураҳмон Азимов одамон ҳамчунон дар майдонҳои маргбор қурбон мешаванд: "Гуё, ки иқдоми Узбакистон ҳаст, натиҷаҳо ҳастанд. Ҳозир харитаро барои тоза кардан ба мо доданд ва ҳамчунин байрақчаҳо гузоштагӣ аст, ки "заминировано" (минакорӣ шудааст).
Хабарнигори мо дар Алмаато Мирасрори Фарғонӣ кушиш кард, то изҳори назари мақомоти Узбакистонро, ки ба Конвенсияи Оттава напайвастааст, ба даст орад. Аммо мақомоти расмии Узбакистон аз додани ҳар гуна маълумот дар ин бора худдорӣ карданд. Узбакистон баъди соҳибистиқлол шудан, бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба қаламраваш хатти марз ва баъзе нуқтаҳои баҳсии марзӣ бо Тоҷикистонро минакорӣ кард, вале аз он замон то кунун тавре мақомоти ин кишвар мегуянд ягон нафар аз аъзои ин гуруҳ дар мина барнахурдааст.
Акнун коршиноси мустақили узбак Комрон Алиев мегуяд, дигар ҳеҷ гуна хатаре ба Узбакистон таҳдид намекунад ва ниёзе ба мавҷудияти минаҳо низ нест: "Вазъият ба куллӣ тағйир хурдааст, зеро дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ кайҳо хотима ёфта, амният низ барқарор гаштааст. Ҳамчунин таҳдиди гуруҳҳои тундрави исломӣ низ аз хориҷи кишвар аз байн рафт. Вазъи сиёсии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ру ба беҳбуд овард. Аз ин ҷиҳат вақти он расидааст, ки Узбакистон марзҳояшро аз мина пок кунад ва ба Конвенсияи Оттава бипайвандад."
Ёҳаннес Чудоба, намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милал, ки дар Тоҷикистон тарҳеро барои маҳви минаҳо амалӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин авохир ҳар ду ҷониб барои ҳалли ин мушкил омодагии бештар барои ҳамкорӣ нишон медиҳанд.
Ҳадафи дигари конфронси байналмилалӣ дар Душанбе низ ташвиқи кишварҳо барои пайвастан ба Конвенсияи Оттава аст. Аз миёни кишварҳои минтақа танҳо Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон ба ин конвенсия пайвастаанд. Тоҷикистон тибқи санади мазкур тамоми захираҳои минаҳои истифоданашудаи худро маҳв кардааст ва акнун бояд муқарароти дигари ин аҳдномаи байналмилалиро иҷро намояд. Яъне тамоми минаҳои нуҳуфта дар хоки минтақаҳои кишварро хунсо кунад. Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси маркази поккории минаҳои Тоҷикистон, ки бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, дар ин бора мегуяд: "Дар оянда акнун мо бояд ҳаракат кунем, барои татбиқи муқаррароти моддаи панҷуми ин конвенсия. Яъне мутобиқи моддаи панҷум, Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзои конвенсияи Оттава уҳдадор аст, ки тамоми минаҳое, ки дар тамоми минаҳои дар қаламрави кишвар хобонида шударо ошкор ва безарар гардонад."
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон 16 ҳазор адад аз ин навъи силоҳи маргбор нуҳуфта ва мунтазири таркиш аст, ки онҳоро мероси ҷанги шаҳрвандӣ медонанд. Ҷонмаҳмад Раҷабов мегуяд, Тоҷикистон ба танҳоӣ қудрати барчидани ин минаҳоро надорад ва умед ба созмонҳои байналмилалӣ бастааст, ки дар ин самт мадад мекунанд: "Албатта ин хароҷоти хеле калонро талаб мекунад, ба ҳамин хотир мо ҳамкорӣ дорем ва дар соли гузашта қариб 900 ҳазор доллар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири татбиқи барномаи тоҷикистонӣ кумак шуд ва дар соли ҷорӣ мо умедвор ҳастем, ки мумкин 2 миллион, мумкин зиёда аз 2 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи барномаи тоҷикистонӣ ворид шавад." Муовини нахуствазири Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров дар конфронси Душанбе гуфт, ҳукумати кишвараш барои барчидану аз байн бурдани минаҳо дар панҷ соли оянда ба қариб 15 миллион доллар ниёз дорад.
Дар маҷмуъ ба гуфтаи созмони ғайридавлатии британиявии "Поксозии Минаҳо" дар 70 кишвари ҷаҳон миллионҳо адад минаҳои зидди нафар зери хок шудаанд, Созмони Милал теъдоди онҳоро аз 100 то 120 миллион адад мегуяд, вазорати дифоъи Амрико аз 85 то 90 миллион адад. Ба ҳисоби дигар, ба сари ҳар 17 кудак дар ҷаҳон як мина рост меояд ва бар сари ҳар 52 нафар аҳолии сайора низ як адад. Ҳар моҳ ин силоҳҳои марговар 2000 нафарро мекушад ва ё маҷруҳ мекунад. Ба гуфтаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аз онҳо 800 нафар мемирад ва боқимонда маъюб мешавад. Ҳаштоду панҷ дар сади тифлоне, ки ба мина бармехуранд, то ба бемористон нарасида ҷон медиҳанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG