Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин мулоқотҳои мушовирони СММ дар Тоҷикистон


Масоили раванди омодагии Тоҷикистон ба интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон дар соли 2005 мавзуи аслии суҳбати ҳайъати Созмони Милали Муттаҳид бо масъулини Комиссия марказии интихоботи Тоҷикистон буд. Ҳайъати Созмони Милали Муттаҳид иборат аз мушовирони масоили интихобот ва ҳизбҳои сиёсӣ Франсиско Кобас (Fransisco Cobasо) ва Cкот Cмиз (Scot Smith), ки шоми чоршанбе вориди Душанбе шуд, барномаи сафари худро дар Тоҷикистон 15 апрел бо як мулоқот бо намояндагони масъули Комиссияи марказии ҷумҳуривии интихоботи Тоҷикистон шуруъ намуд. Пас аз анҷоми ин гуфтугу Ян Маликзода - мушовири сиёсии Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат дошт, гуфт: "Ташкили участкаҳои интихоботӣ, аъзои комиссиони интихоботӣ ва имконоте, ки Созмони Милал дорад, ки ба ин раванд кумакҳои техникӣ бикунад."
Ҳайъати Созмони Милал мехоҳад, аз чигунагии варақаҳои интихоботӣ муҳри руи варақаҳо, сандуқҳои раъйдиҳии шаффоф, наҳваи ҳузури намояндагони ҳизбҳо дар ҳавзаҳо ва минтақаҳои раъйдиҳӣ ва аз масоили дигари марбут ба интихоботи парлумон огоҳ шавад.
Дар ҷараёни ин мулоқот Франсиско Кобас, мушовири СММ оид ба масоили интихобот, ки дар маъракаи интихоботи гузаштаи парлумони Тоҷикистон ширкат доштааст, бо ёдоварӣ аз қонуншиканӣ ва тақаллубкориҳо дар ҷараёни интихоботи пешин дар ҳавзаҳои раъйдиҳӣ, фароҳам овардани заминаҳои асосии рақобати мунсифонаро дар маъракаи ояндаи парлумон таъкид намудааст. Раиси Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев мегуяд, бо пуштибонии СММ мақомоти масъули Тоҷикистон аз соли гузашта барои баргузории интихоботи демократӣ дар кишвар омодагӣ мебинанд.
Оқои Болтуев афзуд, яке аз иқдомоте, ки Созмони Милал дар роҳи баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон анҷом дод ин баррасии тарҳи нави Қонуни интихобот буд. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир вакилони Маҷлиси Намояндагон ду пешнависи алтернативии қонуни интихоботро ба баррасӣ гирифтаанд, ки интизор меравад дар моҳи май ба тасвиб расад.
Аммо намояндагони Созмони Милали Муттаҳид мегуянд, парлумони Тоҷикистон он роҳеро, ки бо ширкати коршиносони Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таҳия шуда буд, ба эътибор нагирифт ва ин ду тарҳи алтернативй аз тарафи фраксияҳои аҳзоб дар парлумон пешниҳод шудааст.
Дар ҳамин ҳол бар асоси иттиллоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳайъати СММ дар масъалаи амнияти интихобот дар ҳавзаҳо ва минтақаҳои раъйдиҳӣ бо Ҳумдин Шарифов, вазири умури дохилаи ин кишвар дидору гуфтугу анҷом дод.
XS
SM
MD
LG