Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал омодагии Тоҷикистонро ба интихоботи қарибулвуқуъ меомузад


Як ҳайъат аз Созмони Милали Муттаҳид бо даъвати давлати Тоҷикистон ва ба хотири баррасии масоили интихобот вориди Душанбе шуд. Омузиши ҷараёни омодагӣ ба интихоботи дарпешистодаи парлумони Тоҷикистон ҳадафи аслии сафари ин ҳайъат ба Тоҷикистон гуфта мешавад.
Мақомоти СММ мегуянд, интихоботи парлумонии соли 2005 имтиҳони ҷиддие барои демократияи ҷавони Тоҷикистон ба шумор рафта, Милали Муттаҳид мехоҳад наҳваи ширкат ва саҳмгузориаш дар ин маъракаи сиёсии барои Тоҷикистон фавқулодда муҳимро низ дар ҷараёни сафари ин ҳайъати эъзомӣ маълум кунад.
Ян Маликзода, мушовири дафтари сиёсии СМ дар Душанбе дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт: "Масъалаҳое, ки баррасӣ мешавад, худи мақомоти давлат, онҳое, ки интихоботро баргузор мекунанд, омода ҳастанд барои ин корҳо. Баъд масоили сиёсӣ ҳам баррасӣ мешавад ва ҳам масоили амниятӣ, ки муҳити Тоҷикистон барои баргузории интихоботи умумӣ амн ва собит ҳаст. Ва масъалаи Фикр кунам муҳимтар аз ҳама масъалаҳое ҳастанд, ки бо озодиҳои сиёсӣ марбут мешаванд, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъол бошанд ва мавонеъе аз тарафи давлат ва мақомоти дигар дар корҳои сиёсиашон набошад, интихобот ҳатман ба таври шаффоф,озод ва одил иҷро шавад."
Ҳайъати эъзомии СММ дар пайи ин сафар натиҷаи диду боздид ва таҳқиқоти худро дар бораи вазъи Тоҷикистон ба мақомоти раҳбарии Милали Муттаҳид ироа мекунад.
XS
SM
MD
LG