Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон чашми умед ба СММ духтаанд


Як ҳайъат аз Созмони Милали Муттаҳид бо даъвати давлати Тоҷикистон ва ба хотири баррасии масоили интихобот вориди Душанбе шуд. Омузиши ҷараёни омодагӣ ба интихоботи дарпешистодаи парлумони Тоҷикистон ҳадафи аслии сафари ин ҳайъат ба Тоҷикистон гуфта мешавад.Ҳадаф аз сафари ҳайъати вижаи Созмони Милал ошноӣ бо ҷараёни омодагиҳои мақомоти давлатӣ ва аҳзоби сиёсии кишвар ба интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон дар моҳи феврали соли оянда мебошад.
Ян Маликзода - мушовири сиёсӣ дар Дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон гуфт, ҳайъати мазкур тайи ду ҳафтаи оянда бо мақомоти давлатӣ ва раисони аҳзоби сиёсӣ мушкилоти баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон дар аввали соли 2005-ро баррасӣ хоҳад кард: "Фикр кунам, аз ҳама муҳим масъалаҳое ҳастанд, ки бо озодиҳои сиёсӣ марбут мешаванд, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъол бошанд ва мавонеъе аз тарафи давлат ва мақомоти дигар дар корҳои сиёсиашон набошад , пас интихобот ҳатман ба таври шаффоф,озод ва одил бигузарад".
Аз гуфтаи мушовири сиёсии намояндагии СМ бармеояд, ки дар барномаи сафари ин ҳайъат дидор ва мулоқот бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ҷойгоҳи махсус дорад.
Аммо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз дидор ва гуфтугу бо коршиносони Созмони Милал ва махсусан аз натоиҷи амалии ин гуфтугуҳо он қадар хушбин нестанд.
Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки дар гузашта яке аз фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини тоҷик буд, гуфт, Созмони Милал дар амри истиқрори сулҳу субот дар кишвар нақш ва мақоми хосеро бозидааст. Вале, баъдан, махсусан дар тобистони соли гузашта, ки ҳукумат бидуни риояти шартҳои Созишномаи оштии миллӣ ва мавқеи мухолифи аҳзоби сиёсӣ ба Қонуни асосӣ ислоҳот ворид кард, нақши Созмони Милал то ба ҳадде коҳиш ёфт.
Ҷаноби Искандаров гуфт, ки Ҳизби Демократи Тоҷикистон мехоҳад, Созмони Милал бо истифода аз обру ва нуфузаш ҳукуматро ба баргузории як интихоботи озоду демократӣ ташвиқ кунад: "Пеш аз ҳама бисёр интизор ҳастем, ки нақши Созмони Милал дар интихоботи дар пешистодаи Тоҷикистон хеле муассир бошад, хусусан пеш аз интихобот он ҳуқуқ ва имкониятҳое, ки Созмони Милал дорад, бояд дар амри қабули қонуни ҷадиди интихоботи Тоҷикистон ба харҷ диҳад. Ва фикр мекунам, ки дар интихоботҳои ояндаи Тоҷикистон Созмони Милал на ҳамчун як нозири бетараф бошад, бояд хеле фаъолияти густарда дошта бошад. Истиқлолияти Тоҷикистон, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ,таҳкими сулҳи Тоҷикистон зери назорат Созмони Милал буд , на ҳамчун фарзанди угай, балки ҳамчун ба фарзанди худаш муносибат кунад, зеро ин созмон ба ҳамчун давлат ташаккул ёфтани Тоҷикистон мусоидат кардааст."
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, мегуяд, созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла Созмони Милал тайи беш аз даҳ соли истиқлолият барои сохтмони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар кишвар талошҳои зиёд кардаанд. Оқои Шабдолов гуфт, хоҳиши мулоқот бо коршиносон ва мутахассисони умури интихоботи Созмони Милал тақозои аҳзоби сиёсии кишвар ва аз ҷумла Ҳизби Комунисти Тоҷикистон мебошад.
Ҷаноби Шабдолов афзуд, ки дар мулоқот бо коршиносони Созмони Милал мехоҳанд, аз таҷрибаи онҳо дар интихоботҳои минбаъда истифода кунанд: "Ин намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ, ҳам намояндаҳои СММ ва ҳам Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бояд ба сифати нозир интихоботҳои ояндаи Тоҷикистонро ба мушоҳида гиранд. Албатта онҳо ҳаққи мудохила дар интихоботҳоро надоранд, зеро онҳо шаҳрвандони мо нестанд. Лекин ҳамчун намояндае, ки мушоҳида мекунад, то чӣ андоза интихобот шаффоф ва одилона мегузарад, мо ин чизро дастгирӣ мекунем ва ин нукта дар лоиҳаи пешниҳодкардаи мо низ ҳаст. Яъне ваколати ин созмонҳо мадди назар гирифта шудааст".
Шодӣ Шабдолов ҳамзамон афзуд, ки ҳузур ва нақши иттиҳодия, аҳзоб ва созмонҳои ғайридавлатӣ ва аз ҷумла созмонҳои байналмилалии назири СА ҲА ва СММ дар ҷараёни интихоботҳо тибқи қавонини кишвар сурат мегирад. Вале дар тарҳи пешниҳодии қонуни нави интихобот барои чунин созмонҳо ҳаққи бештар дар назар гирифта шудааст.
Аммо на ҳама дар Тоҷикистон ба нақши СММ дар интихоботҳо баҳои мусбат медиҳанд. Ҳикматулло Сайфуллозода - узви раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ишора кард, ки СММ ба тақаллубкориҳои интихоботҳои қаблии парлумон дар соли 2000 ва раиси ҷумҳур дар соли 1999 вокуниши муносиб нишон надод.
Сайфуллозода афзуд, мавқеъ ва ҳузури созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла СММ дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ чандон муассир набудааст. Аммо вай инро ҳам иқрор кард, ки тибқи қонуни ҳозираи интихобот созмонҳои байналмилалӣ ҳаққи иштирок ва назорат дар маъракаи интихобот дар камиссиюнҳои ҳавзавӣ ва марказии интихоботро надоранд: "Мо мехоҳем, ки ин созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони Милали Муттаҳид тавонанд, ки таъсири хешро дар таҳияи лоиҳае, ки аз ҷониби ҳукумат ба парламент фиристода шудааст, бигзоранд ва як қонуни дурусте таҳия шавад."
Ҳикматулло Сайфуллозода ҳамчунин ёдовар шуд, ки ба маҳзи пуштибонӣ ва мусоидати СММ тарҳи нави қонуни интихобот дар ҳама манотиқи кишвар ба дастрасии афроди дастандаркор қарор гирифт. Ва дар ҷараёни нишасту маҳфилҳои мубоҳисавӣ ин тарҳ баррасӣ шудааст.
Аз суҳбат бо масъулини аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бармеояд, ки онҳо мехоҳанд, Созмони Милал дар ҷараёни баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон дар феврали соли 2005 нақш ва ҳузури бештаре дошта бошад. Аммо то чӣ ҳадд шаффоф ва бо риояти меъёрҳои демократӣ гузаштани интихоботҳои оянда дар Тоҷикистон ба қабули тарҳи нави қонуни интихобот марбут аст, ки дар таҳияи он низ коршиносони Созмони Милал иштирок кардаанд.
XS
SM
MD
LG