Пайвандҳои дастрасӣ

Ислоҳи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рузи чаҳоршанбе, 14 апрел тарҳи ислоҳоти Қонуни ҷиноиро қабул кард. Ба гуфтаи вакилони парлумон, ислоҳоти мазкур наздики панҷоҳ дар сади моддаҳои Қонуни ҷиноиро фаро мегирад. Муовини раиси кумитаи умури қонунгузории Маҷлиси Намояндагон, ки тарҳи ислоҳотро дар маҷлис муаррифӣ мекард, гуфт, ислоҳоти Қонуни ҷиноӣ бо пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади такмил ва мутобиқ кардани ин қонун ба санадҳои байналмилалӣ ва усулҳои навъдустӣ ё гуманизм мебошад. Дар таҳрири нави қонуни мазкур шароити ҷазо назар ба пешина дар бархе маворид соддатар шудааст. Абдуманнон Холиқов дар ин бора гуфт: "Баробари эътидол ёфтани вазъи сиёсиву иқтисодӣ аллакай мо қадамҳои дуюмамонро гуем, ки барои гуманизатсиякунонии Кодекси ҷиноятӣ гузоштем. Соли гузашта якум қадам буд, имруз натиҷаи дуюм қадам буд, ки мо аз чанд модда ҳукми қатлро бардоштем, нисбати занҳо тамоман татбиқ намешавад, ҳукми қатл."
Аммо агарчанд дар ин таҳрир ҳукми қатл дар бисёр маврид пешбинӣ нашуда ва ё ба ҳабси абад иваз шудааст, вале таҳрири нави Қонуни Ҷиноии Тоҷикистон дар панҷ маврид ҳамчунон ҳукми қатлро пешбинӣ кардааст. Абдуманон Холиқов афзуд: "Ҳамагӣ дар панҷ модда ҷазо боқӣ мондагӣ аст, ин ҷиноят бу муқобили ҳаёт ва саломатӣ аст, яъне куштор, таҷовуз ба номус, инчунин дар моддаи 179 қисми се ин терроризм, имруз медонед, яке аз проблемаҳои ҷаҳонӣ аст ва геносид ва биосид"
Тибқи таҳрири нави Қонуни ҷиноӣ инчунин шаҳрвандони Тоҷикистон агар дар хориҷ аз кишвар муртакиби ҷиноят шаванд ва ин амали онҳо ба манофеъи Тоҷикистон мухолиф набошад, дар сурате, ки ин ашхос такроран дар дохили Тоҷикистон ҷиноят содир мекунад, ҷинояти онҳо чун омили вазнинкунандаи ҷазо ба инобат гирифта намешавад. Яъне барои ҷинояти дар хориҷ содиркарда, дар дохили Тоҷикистон ҷазои ба восита пешбинӣ нашудааст.
Аммо ин банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оё метавонад, вазъи хуқуқии зиндониёни тоҷик дар боздоштгоҳи Гуантанаморо рушан кунад? Суоле, ки муаллифони Кодекси ҷиноӣ ба он наметавонанд, посухи якнавохт диҳанд. Агар дар хориҷ аз кишвар ҷазо гирифта бошад, ин ҷо ҷазо намегирад. Магар дусолу ним дар боздоштгоҳи Гуантанамо ба сар бурдани тоҷиконро кишвари матбуашон ҷазо мешуморад ё не?
Муовини раиси кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагон: "Мутобиқи Кодекси ҷиноятии мо агар ҷазо гиранд, не, агар ҷазо нагиранд, мумкин. Инро баъд баррасӣ шуданаш мумкин, инро ҷазо медиҳем, ё не, инро ҳеҷ кас пешбинӣ карда наметавонад, лекин тафтиш даркор, кирдорро муайян кардан даркор, ягон меъёри мо кирдори содиркардаро дар бар мегирад ва ё намегирад, ин дигар тарафи масъала аст."
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин дар иҷлосияи худ Қонуни маориф ва тарҳи ислоҳоти Қонуни судяҳоро низ тасвиб кард.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG