Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гуруҳи муташаккили қочоқбари ҳероин дар Русия


Ходимони Кумитаи давлатии назорат бар гардиши маводи мухаддири Русия, ахиран аз ду гуруҳи қочоқбари марбут ба Тоҷикистон, наздик ба 145 кило маводи мухаддир забт намуданд ва дар ин замина ҳашт танро боздошт карданд. Ба гуфтаи сухангуи кумита Николай Карташов, 8 апрел дар шоҳроҳи Самара-Маскав, аз як мошини КАМАЗ, ки аз Тоҷикистон ба Маскав ҳаракат мекард, беш аз 142 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира шуд.
Вай афзуд, мошин, ки бори худро аз марзи Афғонистон гирифтааст, дар масири ҳаракат таъқиб мешуд ва ҳангоми таҳвили бор аз КАМАЗ ба ду мошини сабукрав дар ҷумҳурии Мордова боздошт шуд. Қиммати бор 7 миллион доллар баровард шудааст. Қочоқбарон як қисми бори худро раҳораҳ фурухтаанд ва аз онҳо беш аз 15 ҳазор доллар ва 40 ҳазор рубл низ мусодира шуд. Қочоқбарон, ки 5 тан атбоъи Украина, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд, боздошт шуданд. Аммо чор нафари дигар, ки дар вилояти Волгоград бо якуним кило ҳероин боздошт шудаанд, ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва яке аз онҳо дар гузаштаи наздик ходими вазорати амнияти миллии Тоҷикистон будааст. Ин гуруҳ фарзандони худро ба ҳайси фурушандаи маводи мухаддир истифода мекардааст..
Сухангуи кумита ҳамчунин хабар дод, ҳарруза дар Русия дар заминаи қочоқи маводи мухаддир ҳудудан 80 ҳодисаи боздошт сурат мегирад. Боздошт дар Мордова саввумин боздошти маводи мухаддир дар Русия бо ҳаҷми бузург тайи соли равон аст. Аммо Карташов ба саволе, ки саҳми гуруҳҳои ҷиноии тоҷикӣ дар қочоқи маводи мухаддир чӣ гуна аст, гуфт, ҷинояткорон ом аз ҳар фирқаву нажоданд ва дастаҷамъӣ фаъолият мекунанд.
Вай дар тавзеҳ ба хабари рузномаи «Новие Известия», ки менависад, охири моҳи март дар Маскав аз мошини як шаҳрванди Тоҷикистон 185 кило маводи мухаддир кашф гардид, иброз дошт, дар ин ҳодиса низ гуруҳ даст дорад ва танҳо яке аз онҳо тоҷик аст.
Николай Карташов, хабар дод, ки ҳам дар Волгоград ва ҳам дар Маскав дар қиболи ҳар кадом гуруҳи қочоқбари маводи мухаддир, ки ба Тоҷикистон иртибот доранд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва бозрасӣ идома дорад.
Муҳаммадраҳими Сайдар
XS
SM
MD
LG