Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти Ёқуб Салимов аз рафтори додситонӣ


Саидкомил Қурбонов - вакили мудофеъи Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон 14 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти додситонӣ ва амниятии Тоҷикистон бо ҳар баҳонаи норавшан иҷоза намедиҳанд, ки наздикони Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи вазорати амнияти Тоҷикистон аз ҳоли у хабар гиранд.
Ба қавли Саидкомил Курбонов, вакили мудофеъ қонунҳои Тоҷикистон иҷоза медиҳанд, ки ҳар моҳ як нафар аз дустон ё наздикон ба боздоштгоҳ ояд.
Аммо оқои Қурбонов меафзояд: "Ягон касро то ҳозира намонданд. Ҳар баҳонаҳо қатӣ, ки ҳоли баъд, аввал ариза нависед, баъд ба аризаатон ҷавоб менависем, мана ҳамин хел баҳонаҳо қатӣ."
Наздик ба ду моҳ мешавад, Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи пешакии вазорати амнияти Тоҷикистон ба сар мебарад. Дар суҳбати телефонӣ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов аз ин ки мақомоти зиддахл ба наздикони Ёқуб Салимов иҷозаи мулоқот бо уро намедиҳанд, изҳори бехабарӣ намуд. Аммо оқои Бобохонов дар як суҳбати қаблӣ дар мавриди мулоқот бо Ёқуб Салимов чунин гуфт: "Мувофиқи талаботи қонун дар як моҳ як кас мулоқот мекунад, ин ҳам бошад бо хоҳиши худаш."
Оқои Бобохонов танҳо ҳаминро илова намуд, ки Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи феълии вазорати амният мемонад ва ба ҷои дигаре интиқол дода намешавад. Саидкомил Курбонов ба унвони вакили мудофеъи парвандаи Ёқуб Салимов мегуяд, дар мулоқотҳое, ки бо Ёқуб Салимов анҷом медиҳад, вай бештар хоҳиши вохурӣ бо созмонҳои байналмилалии дифоъ аз хуқуқи инсонро дорад. Аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон иҷозати фароҳам овардани чунин мулоқотҳоро намедиҳанд.
Ба қавли у Ёқуб Салимов ҳамчунон айбномаи додситонии кулл дар мавриди худашро беасос мешуморад. Додситонии кулл дар соли 1998 дар ғайби Ёқуб Салимов уро ба хиёнат ба ватан ва даст доштан дар табаддулоти давлатӣ гунаҳгор эълон дошта буд.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG