Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти чаҳор маҳбуси тоҷик аз Гуантанамо ба Тоҷикистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар боздоштгоҳи Гуантанамо буданд, озод карда ва онҳоро ба Тоҷикистон таслим кард. Ин нуктаро рузи 14 апрел Ричард Ҳоугленд - сафири Амрико дар Душанбе баъд аз мулоқоташ бо президент Эмомалӣ Раҳмонов иттилоъ дод. Оқои Ҳоугленд гуфт, ки Амрико ба зиндагии хусусии афроди раҳошуда дахолат намекунад: "Худи ҳодисаи аз маҳбас озод шудани маҳбусон, маънои онро дорад, ки онҳо дигар барои ҷомеа хатар эҷод намекунанд ва ҳаёти минбаъдаи онҳо набояд зери назар бошад. Ҷониби Амрико низ намехоҳад, ба ҳаёти минбаъдаи ин маҳбусон дахл намояд."
Вай афзуд, ҳоло дар Гуантанамо расидагӣ ба парвандаи афроди дигар идома дорад ва имкон дорад, бо хатми ин расидагӣ, баъзе афроди дигар озод шаванд. Дар Гуантанамо 11 шаҳрванди Тоҷикистон зиндонӣ буд ва мақомоти ин кишвар мегуянд, аксари онҳо ба ягон гуруҳи терорристӣ ва тундрав иртибот надоранд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз ҳукумати Амрико тақозо карда буд, ин афродро озод намояд.
XS
SM
MD
LG