Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин гуруҳи мунаҷҷимон Донишгоҳи Миллиро хатм мекунанд


Тобистони соли ҷорӣ нахустин гуруҳи ҳаштнафара бо ихтисоси мунаҷҷим ва ситорашинос шуъбаи вижаи нуҷумшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм хоҳанд кард. Ин ҳашт нафар нахустин мунаҷҷимони касбии тоҷиканд, ки ин ихтисосро дар худи Тоҷикистон касб кардаанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, вазъи соҳаи омузиши кайҳон дар Тоҷикистон хелеву хеле беҳбудиро металабад. Ин соҳа ҳатто дар муқоиса бо даврони шуравӣ ба маротиб ақиб мондааст. Мирзо Саидов - раҳбари маркази илмӣ-тадқиқотии ожонсии «Тоҷиккоинот»: «Пас аз вайрон шудани Иттиҳоди Шуравӣ, пас аз баромада рафтани бисёр мутахассисон, пас аз кам шудани маблағгузорӣ мо оҳиста-оҳиста ру ба пастӣ ниҳодем.»
Имруз дар маркази илми-тадқиқотии ожонсии «Тоҷиккоинот» ба гуфтаи сарвари он, ҳамагӣ бист нафар фаъолият мекунанд. Дар замони Шуравӣ ин марказ шаст корманд дошт. Мирзо Саидов мегуяд, аксари кулли кормандони ин марказ дар замони Шуравӣ русзабон буданд, ки бо касби истиқлоли Тоҷикистон ва оғози ҷангу мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ин кишварро тарк карданд: «Чунки он маоше, ки мо имруз дорем, ҳатто ба роҳкирои мо намерасад, маошамон бисёр кам.»
Муассисаи илмии дигаре, ки дар Тоҷикистон ба омузиши кайҳон ва ҷирмҳои кайҳонӣ машғул аст, Пажуҳишгоҳи ситорашиносии Тоҷикистон мебошад. Сарвари он Хурсанд Ибоддинов мегуяд, дар Тоҷикистон се расадхона мавҷуд аст, ки аз инҳо танҳо расадхонаи дар ноҳияи Ҳисор буда фаъолият дорад. Маоши кам ва адами таҷҳизоти муосир соҳаи омузиши кайҳонро дар Тоҷикистон ба мушкилот ва монеаҳо мувоҷеҳ гардонидааст. Ҳол он ки ба гуфтаи мутахассисон, имруз ҳеҷ як кишваре наметавонад, бидуни омузиши кайҳон ба пешравӣ ноил гардад. Омузиши кайҳон ҳаматарафа барои пешрафти иқтисод, бавижа соҳаи кишоварзиву мухобирот, кашфи маконҳои тозаи канданиҳои фоиданок, пешгуӣ ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ манфиати камназир дорад. Вазифаи аслии маркази илмӣ-тадқиқотии ожонсии «Тоҷиккоинот» низ ба василаи аксҳои кайҳонӣ омузиши геологии замин мебошад. Мирзо Саидов - раҳбари ин марказ мегуяд: «Дар соҳаи бехатарии аҳолӣ, иншооти муҳими давлатӣ, кофтукоби канданиҳои фоиданок, дар соҳаи агросаноатӣ, экология.»
Вале имруз ин марказ ба гуфтаи сарвараш, кори худро танҳо бо аксҳои кайҳонии замони Шуравӣ гирифташуда идома дода истодааст. Зеро имруз Тоҷикистон қудрате надорад, ки аз пойгоҳҳои кайҳонии дигар кишварҳо аксҳоро харидорӣ кунад. Хурсанд Ибоддинов - сарвари Пажуҳишгоҳи ситорашиносии Тоҷикистон мегуяд, замонаи имруз тақозо мекунад, ки Тоҷикистон низ ба кайҳон барояд: «Тоҷикистон барои ҳамсафари сунъӣ худаш эҳтиёҷ дорад. Сарзамини мо сарзамини куҳсор аст, мураккаб аст, пиряххо ҳастанд, зироатҳо ҳастанд, дарёҳо ҳастанд ва масоили бисёри дигари экологӣ низ ҳаст, ки албатта мо бояд ҳамсафари худро дошта бошем.»
Вале коршиносон бар ин назаранд, ки бинобар адами қудрати молӣ Тоҷикистон дар даҳсолаҳои наздик наметавонад бунёд ва ба фазо партоб кардани ҳамсафари сунъиеро фармоиш бидиҳад. Ва аммо дар мавриди парвози тоҷикон ба кайҳон. Коршиносон бо лабони мутабассим мегуянд, тасаввури кайҳоннаварди тоҷик дар фазои кушод имруз танҳо дар тахаюли фантастнависони тоҷик имконпазир аст.
XS
SM
MD
LG