Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи маркази нави рузноманигорӣ дар Душанбе


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон маркази доимии таълимӣ барои рузноманигорон таъсис ёфт. Маркази мазкур дар кафедраи рузноманигории Донишгоҳи славянии Тоҷикистон кушода шуда ва соле то 60 нафар рузноманигори ҷавонро метавонад, ба нозукиҳои касби рузноманигорӣ шинос намояд.
Абдусаттор Нуралиев, мудири кафедраи рузноманигории Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон мегуяд, солҳои ахир дар Тоҷикистон рузномаҳои зиёде таъсис ёфтаанд ва дар онҳо дар баробари рузноманигорони касбӣ, инчунин нафароне фаъолият менамоянд, ки ихтисоси рузноманигорӣ надоранд. Мақсад аз ташкили маркази мазкур маҳз фаро гирифтани рузноманигоронест, ки қобилияти эҷод намуданро доро буда, аммо аз назария ва амалияи касби журналистӣ бебаҳра ҳастанд, мегуяд ҷаноби Нуралиев: «Замонаву зиндагӣ хеле пеш меравад, бинобар ин дар журналистика ҳам тағйироти зиёд аст. Умед дорем, дар ин марказ дар оянда интернет-журналистика низ омухта шавад."
Ба гуфтаи Абдуссаттор Нуралиев, хонандагон имруз бештар ниёз ба маводҳои хабарӣ доранд ва ба мақолаҳои проблемавӣ кам тавваҷуҳ зоҳир мекунад. Аз ин сабаб марказ тасмим гирифтааст, ки имсол танҳо рузноманигорони матбуотро фаро бигирад ва тавассути гузаронидани семинарҳои интерактивӣ ба онҳо тарзи навишти маводҳои хурд, роҳҳои дарёфти иттилоъот ва ба шакли мухтасар пешниҳод намудани хабар ба хонандагон омузонида мешавад. Гуфта мешавад, феълан ба ин марказ танҳо рузноманигорони шаҳри Душанбе ҷалб карда мешаванд, аммо дар назар аст, ки бо беҳбуд ёфтани вазъи иқтисодӣ, рузноманигорони ҷавон аз манотиқи кишвар низ ба ин семинарҳо даъват карда шаванд.
Фахриддини Холбек, корманди нашрияи мустақили "Рузи Нав" мегуяд, дар соҳаи журналистикаи тоҷик то ба имруз касбият вуҷуд надорад. Ва ташкили марказҳои омузишӣ барои рузноманигорон як падидае хубест, барои рушди соҳаи журналистӣ дар Тоҷикистон: "Журналистони тоҷик беш аз ҳар вақта ба чунин марказҳо ниёз доранд. Ин воқеиятро низ ба назар гирифтан даркор аст, ки журналистикаи Тоҷикистон устодҳои худи худро надорад. Дар худи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон норасоии кадр хеле чашмрас аст. Дар он ҷо чанд нафаранд, ки дар ҳунари худ чирадастанд."
Абдусаттор Нуралиев мегуяд, омузиш дар марказҳо наметавонад, ҷои панҷ соли таълим дар донишгоҳро бигирад, зеро замина дар донишгоҳ гузошта мешавад ва марказ танҳо барои такмили дониш мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG