Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи Консепсияи фарҳанги миллӣ муаррифӣ шуд


Тарҳи Консепсияи фарҳанги миллии Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳи муаллифон таҳти сарпарастии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот таҳия ва рузи душанбе, 12 апрел зимни як нишаст муаррифӣ шуд. Консепсияи мазкур, ки самтҳои умдаи барномаи рушди фарҳанг ва дурнамои онро то соли 2020 дар бар мегирад, баъд аз баррасии умумӣ барои таъйид ба ҳукумати Тоҷикистон ироа мешавад. Мушаххас кардани сиёсати фарҳангии давлат, вобаста ба он нигаҳдорӣ ва истифода аз мероси фарҳангӣ, танзими қонунгузории вобаста ба фарҳанг, муассисаҳои маданӣ ва омодасозии кадрҳои соҳоти мухталифи фарҳанги миллӣ ва авлавиятҳои ин консепсия мебошад. Сафар Сулаймонӣ - раиси Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон ва аз муаллифони ин лоиҳа гуфт, консепсияи нахустини сиёсати фарҳанги Тоҷикистон дар соли 1992 қабул шуда буд, вале бо сабаби таҳаввулоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа нукоти умдаи он амалӣ нашуд.
Навруз дар консепсияи нави сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ба унвони муҳимтарин ҷашни миллӣ ва фарҳангии тоҷикон унвон шудааст. Ба гуфтаи муаллифони консепсия, ҳадафи аслӣ аз таҳияи он фароҳам кардани шароит барои ба вуҷуд овардани заминаҳои қонунӣ ҷиҳати эҳё ва ҳифзи ҳуввияти миллӣ мебошад. Аз ҷумла, эҳёи дубораи усул ва боварҳо ва ҷашнҳои мардумӣ ва фарҳангӣ, анҷом додани таҳқиқот дар заминаи шинохти бештари фарҳанги миллӣ ба манзури кор гирифтан дар таҳияи барномаҳои дурбурди фархангӣ, такмил ва модернсозии забон дар шароити ҷаҳонишавӣ аз ҳадафҳои умдаи консепсияи сиёсати фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Санади мазкур тули ду сол аз ҷониби донишмандон ва мутахассисони тоҷик омода шуда ва қарор шудааст, то ду моҳи дигар дар дасти баррасии умуми мардумӣ вогузор шавад.
XS
SM
MD
LG