Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллифи номаи саркушода ба президентро боздошт карданд


Саиданиссо Қодирова, сокини маҳаллаи Кирови колхози Росия, ҷануби пойтахти кишвар ҳамроҳи духтараш Муниса Мадумарова рузи душанбе, 12 апрел ба идораи Радиои Озодӣ омада, гуфт чанд руз қабл духтари бузурги у Саодат Қодироваро кормандони милитсияи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо сабаби ин ки дар бораи шавҳар ва ду бародараш, ки дар маҳбасҳои Душанбе ва Хуҷанд бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-таҳрир ба сар мебаранд, ба созмонҳои байналмилалӣ ва радиоҳои хориҷӣ хабар додааст, боздошт кардаанд. Ҳоло Саодат Қодирова дар боздоштгоҳи шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ мебошад. Ва интизори сарнавишти баъдии худ аст.
Хоҳари Саодат Қодирова Муниса Мадумарова, ки шавҳари у низ бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-таҳрир зиндонӣ шудааст, гуфт, кормандони милитсия тақрибан соати яки шаб бидуни шарҳу огоҳии пешакӣ ба манзили Саодат омадаанд: «Шабона як 15-20 нафар шабона хонаш омада, гирифта бурданд. Мо ду руз кофтем, лекин ба мо гуфтанд, ки ин ҷо нест ва чизе хабар надоданд. Акнун дар шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Марказӣ (Фирдавсӣ) маҳбус аст.»
Дар ҳамин ҳол муовини сардори шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ Тоҳир Шарифов боздошти Саодат Қодирова аз тарафи кормандони милитсияи ноҳияи Фирдавсиро рад намуда, гуфт, шояд ин амалро раёсати умури дохилаи пойтахт анҷом дода бошад. Вале наздикони Саодат Қодирова мегуянд, чанд руз аст, ки ба боздоштгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои Саодат хурданӣ ва либоси тоза мебаранд. Ҳануз ду моҳ қабл Саодат Кодирова бо як номаи саркушода ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ тақозои авфи шавҳар, Олим Қодиров ва ду бародараш Рустам ва Мухтор Қодировҳоро карда буд, ки бо гуноҳи фаъолият дар созмони мамнуъи "Ҳизб-ут-таҳрир" ба солҳои тулонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Вазири адлияи Тоҷикистон баррасии номаи Саодат Қодироваро ба души муовини худ масъули маҳбасҳои ҷумҳурӣ гузошта буд. Ва дар шуъбаи мактубҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳур низ аз баррасии номаи у иттилоъ дода буданд. Аммо ҳануз аз тарафи дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва вазорати адлия ба номаи номаи Саодат Қодирова дар мавриди бегуноҳии шавҳар ва бародаронаш посух нарасида, худи у дастгир карда шуд.
Акнун модари Саодат Кодирова - Саиданиссо Қодирова мегуяд, уро танҳо ба хотири ин ки ба созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва расонаҳои хориҷӣ муроҷиат намуд, боздошт кардаанд. Саиданиссо Қодирова дар бораи се фарзандаш, ки алҳол дар маҳбасҳои ҷумҳурӣ ба сар мебаранд, мегуяд, онҳо ба табаҳкорӣ ё амалҳои иртиҷоию террористӣ даст назадаанд.
XS
SM
MD
LG