Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифшои як ҳизби нави мазҳабӣ ва махфикор дар Тоҷикистон


Маъсум Имомов

Дар ноҳияи Исфара 130 километрии шарқи шаҳри Хуҷанд беш аз 20 нафар бо шумули 8 узви Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар як ҳизби динии сабти ном нашудаи "Байъат" ва даст доштан дар куштору суиқасд ва оташзании манзилҳои зисту коргоҳҳои одамон боздошт шуданд. Тафтишоти ин қазияро як гуруҳи вижа иборат аз кормандони додситонии кулл, вазорати умури дохила ва идораҳои ноҳиявии он пеш мебаранд.
Як манбаъ аз ин гуруҳи тафтишотӣ, ки аз ифшои номи хеш худдорӣ кард, дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир афроди боздоштшударо, дар заминаи куштори 6 сокини Исфара, аз ҷумла қатли Сергей Бесараб, руҳонии баптистҳои ин маҳал, чанд суиқсад ба ҷони афрод, оташ задани манзилҳои зист ва дигар моликияти онҳо бозпурсӣ мекунанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҷиноёти зикршуда тайи солҳои ахир содир шудаанд.
Дар ҳамин ҳол сарвари бахши ноҳиявии Ҳизби Наҳзати Ислом Абдусаттор Бобоев боздошти аъзои ҳизби онҳоро дар ин маҳал, ба далели шомил будан дар созмони сабти номнашудаи "Байъат" тасдиқ кард. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, айни замон 8 аъзои ҳизб дар боздошти мақомоти интизомии ноҳияи Исфара ҳастанд.
Абдусаттор Бобоев афзуд: "Ҷонишини ман Абдуманони Муҳаммадалӣ ва муаллими донишгоҳ, номзади илм Аҳмадзода, раиси ташкилоти Таги Сада Юсупов ва ронандаи мо Умедҷон Маҳкамов дар пурсуҷу қарор доранд. Мо мутмаъин ҳастем, ки онҳо бегуноҳии худро исбот мекунанд."
Вале сарвари бахши исфарагии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамагуна иртибот бо созмони "Байъат"-ро рад кард. Намояндагони узви гуруҳи тафтишотӣ, ки аз ифшои номи хеш ибо карданд, гуфтанд ин ҳизби мазҳабӣ 7 сол пеш дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва дар узвияти он ба ҷуз аз сокинони вилояти Суғд, сокинони дигари манотиқи кишвар низ ҳастанд.
Маъсум Имомов
XS
SM
MD
LG