Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон норозӣ аст


Денис де Трей - мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷараёни сафари чоррузаи худ ба Тоҷикистон аз мавҷудияти чанд мушкили ҷиддӣ, ки мавонеъи сангин дар баробари татбиқи барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар эҷод кардаанд, таъкид кард. Адами шафофият дар буҷаи Тоҷикистон, бюрократия ва мавҷудияти ришвату фасод дар коргузории идории давлат, танзими нодурусти қарзу ёриҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи ин мавонеъ ба шумор меоянд, ки масоили фавқро оқои Де Трей бо мақомоти масъули Тоҷикистон дар байн гузошт. Ба назари коршиносон, ноогоҳии мардум аз ҷараёни хароҷоти буҷа ва бехабарии онҳо аз вазъи ҳамарузаи хазинаи давлат дарро барои масъулини мақомоти иқтисодӣ ҷиҳати ришвату фасодкорӣ боз менамояд, ки ин дар роҳи татбиқи барномаҳои созмонҳои байналмилалӣ печидагӣ ба бор меорад.
Денис де Трей дар як суҳбат хабар дод, як бозрасии вазъи умумии иқтисоди Тоҷикистон аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ нишон дод, ки барномаҳои он тавре, ки бонк мехоҳад, татбиқ намешаванд: "Омузиши вазъи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумла ҷараёни татбиқи барномаҳои иқтисодии ин кишвар, танзими кумакҳои ворида, раванди ислоҳоти иқтисодӣ вазъи буҷа ва масоили дигари иқтисодии Тоҷикистон нишон дод, барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ки ҷихати анҷоми ҳарчӣ зудтари ислоҳоти иқтисодӣ дар ин кишвар ба роҳ монда шудаанд, ба кундӣ ва беранг пеш мераванд."
Оқои Де Трей яке аз иллатҳои асосии чунин вазъро дар мавҷудияти бюрократия дар идороти давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ном бурд. Коршиносон мегуянд, бюрократия яке аз омилҳои асосии ношафофӣ дар раванди танзими кумакҳои байналмилалӣ ба соҳоти Тоҷикистон мебошад ва коррупсияро дар мақомоти масъули ҳукуматӣ меафзояд. Коршиноси тоҷик Ғаюр Қаҳҳоров мегуяд, мавҷудияти ин ҳама боиси он мегардад, ки кишварҳои кумаккунанда ба иқтисоди Тоҷикистон дар ниҳоят ё ёриҳои худро ба ин кишвар кам мекунанд, ё муҳлати ироаи онро ба таъхир меандозанд: "Дар шароити ҳозира яке аз сабабҳои бесамар будани ислоҳоти иқтисодӣ фасодкорӣ ва ё коррупсия аст. То даме, ки дар кишвар коррупсия вуҷуд дорад, сармоягузорони хориҷӣ ба мо маблағгузорӣ намекунанд. Инро таҷриба нишон медиҳад, соли гузашта ҳатто соҳибкорони дохилӣ ба бонкҳо маблағҳои худро нагузоштанд." Оқои Қаҳҳров меафзояд, соҳибкорони тоҷик ба бонкҳо эътимод надоранд ва намехоҳанд, сармояи худро бинобар мавҷудияти бюрократия дар ин бонкҳо намегузоранд.
Раиси Пажуҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон академик Нуриддин Қаюмов ба ин назараст, то замоне, ки ҳукумат ба таври амалӣ дар баробари ришвату фасод, махсусан дар ниҳодҳои иқтисодӣ мубориза накунад, омадани инвеститсия барои анҷоми тарҳҳои муҳим, ба монанди сохтмони неругоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтуда мушкил хохад буд.
Коршиносони масоили иқтисодӣ мегуянд, агар барномаи рушди иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2005 то соли 2015 агар пуштибонии молӣ аз ҷониби кишварҳои сармоягузор набинад, шояд ин ҳам монанд ба барномаҳои иқтисодии пешини давлат беранг бимонад.
Мувофиқи ин барнома бояд то соли 2015 мизони фақр дар кишвар аз 80 ба 15 коҳиш дода шавад. Истеҳсоли алюминий 4 маротиба афзоиш ёбад ва истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти дохилӣ низ боло бурда шавад.
Коршиносон мегуянд, вазъи имрузаи иқтисоди кишвар аз чанд соли пеш тафовути зиёд надорад. Ҳанузам кишвар беш аз 80 дар сади аҳолӣ фақир аст, муҳоҷират ба хориҷи кишвар барои дарёфти пул ру ба афзоиш дорад, қурби пули миллӣ устувор нест, нархи молу мавод нисбати солҳои пеш дар баробари маоши ночиз руз дар миён меафзояд. Ва аммо дар мулоқоти ахири мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зикр шуд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои кишварҳои донор ва бонкҳои ҷаҳонӣ дар ин кишвар дар соли гузашта бинобар тақвияти бахшҳои макроиқтисодӣ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 10 дар сад афзоиш ёфтааст. Вале коршиносон бо назардошти вазъи иҷтимоии кишвар мегуянд, ин нишондиҳандаро наметавон, намунае аз беҳбуди зиндагии мардум арзёбӣ кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG