Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ду нафар бо иттиҳоми интишори варақаҳои Ҳизб-ут-Таҳрир


Маъмурони интизомии Тоҷикистон ду нафарро бо иттиҳоми паҳн кардани варақаҳои созмони мамнуъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт кардаанд. Бино ба иттилоъи хабаргузории "Франс Пресс", яке аз онҳо дар шимоли кишвар дастгир шудааст ва бовар меравад, яке аз фаъолони ҳизби мазкур аст. Дигарӣ ҷавонзане мебошад, ки дар манзилаш дар шаҳри Душанбе варақаҳои ин ҳизби тундрави исломиро пайдо кардаанд, ки дар онҳо мардум ба сарнагун намудани давлат ва бунёди Хилофати исломӣ даъват мешаванд. Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон то кунун беш аз 120 нафар бо гуноҳи узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG