Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Амрико қазияи Ҳизби Тараққиётро пайгирӣ мекунад


Ричард Ҳоугленд - сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон - изҳор доштааст, ки руйдодҳои марбут ба Ҳизби Тараққиётро бо диққат назорат мекунад. Вай ин нуктаро дар посух ба номаи Ҳизби Тараққиёт баён доштааст. Султон Қувватов - раиси ин ҳизб 17-уми март баъд аз радди сабти номи ҳизбаш дар вазорати адлия, зимни номае ба созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои хориҷии муқими Душанбе аз онҳо кумак хоста буд.
Ричард Ҳоугленд дар номаи ҷавобӣ ба Ҳизби Таррақиёт навиштааст, ки мавзеъгирии сафоратхонаи Амрико дар Душанбе ин аст, ки ҳар ҳизбе, ки фаъолияташ тибқи муқаррароти қонунҳои Тоҷикистон аст, бояд сабти ном шавад. Дар номаи сафир ҳамчунин омадааст, ки намояндагии дипломатии Амрико дар Тоҷикистон ҷараёни минбаъдаи қазияи Ҳизби Тараққиётро зери назар хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG