Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукуби тоҷирони тоҷику узбак дар Волгоград


Як гуруҳи ҷавонони руси мусалаҳ бо калтакҳои оҳанин рузи 7 апрел ба бозоре дар шаҳри Волгоград ҳамла бурда, як ҷавони 21 солаи тоҷики афғонистониро кушта ва даҳҳо шаҳрванди дигари кишварҳои Осиёи Марказиро маҷруҳ кардаанд. Хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" аз қавли идораи умури дохилаи вилоят навиштааст, ҷавонон аслан тоҷирони тоҷику узбакро латукуб кардаанд. Саҳифаи интернетии "Нюс ру" менависад, ки 18 табааи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд. Маъмури интизомии рус ба "Ассошиейтед Пресс" гуфтааст, дар робита ба ин ҳодиса 8 нафар боздошт, вале айбе ба онҳо эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG