Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсарони амрикоӣ ҳамтоёни тоҷикашонро омузиш медиҳанд


Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида барои афсарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон таҳсили ниммоҳаи роҳҳои такмили ихтисосро баргузор мекунад. Дар ин бора сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, 50 афсари тоҷик бо кумаки мутахассисон аз Пажуҳишгоҳи байналмилалии ҳуқуқ дар вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида рушди ҳунари касбӣ дар нируҳои мусаллаҳ ва ҳуқуқи ҳарбии Амрикоро хоҳанд омухт. Ин таҳсил дар чорчуби қарордоди ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва ИМА доир мегардад.
XS
SM
MD
LG