Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селу борон чанд хонаводаро дар Варзоб бесарпаноҳ гузошт


Бар асари боришоти пай дар пай ва сел дар ду деҳаи ноҳияи Варзоб 11 манзили маскунӣ тахриб шудааст. Ба гуфтаи манобеъи вазорати умури изтирории Тоҷикистон дар деҳоти Бувак ва Тошбулоқи ноҳияи Варзоб дар маҷмуъ 128 нафар бар асари ин ҳодиса бесарпаноҳ мондааст. Ба гуфтаи манобеи марбута, 7 манзили тахрибшуда дигар қобили бозсозӣ намебошад. Мирзо Зиёев, вазири умури фавқуллодаи Тоҷикистон, дар раъси як ҳайъати ҳукуматӣ аз минтақаи офатзада дидан кардаааст ва мегуяд, имкони бисёр фуромадани сел дар минтақа вуҷуд дорад: "Зиёда аз даҳ хоҷагиро ба ҷои бехатар кучонидем, бо хайма хурока ва сузишворӣ таъмин кардем. Дар ҷойи ҳодисот имкон дорад, аз боло якуним миллион тонна хок роҳи дарёи Харангонро бигирад. Хатар вуҷуд дорад."
Ба гуфтаи оқои Зиёев, то кунун тавассути нируҳои кумаки вазорати фавқуллода роҳҳои ин деҳкадаҳо поксозӣ шуда ва хати интиқоли барқ барқарор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури изтирории Тоҷикистон, дар пайи боришоти мудавоми чанд рузи охир ҳамчунин дар сатҳи дигар рудхонаҳо низ боло рафтааст, вале ин обхезиҳо то кунун хисороте ба бор навоардааст. Ин дар ҳолест, ки ба маълумоти идораи ҳавошиносии Тоҷикистон имкони боқӣ мондаи ҳавои боронӣ то чанд рузи дигар вуҷуд дорад.
Мирзо Зиёев - вазири умури изтирории Тоҷикистон - ҳамчунин афзуд, дар шаби душанбе ба сешанбе дар Тоҷикистон як зиминларзаи бо қудрати 4,5 балл сабт шуд, ки хисороте ба дунбол надоштааст.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG