Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зурхона чист?


Сафорати Эрон дар Донишкадаи варзиши Тоҷикистон толори варзиши бостонӣ, ё худ зурхонаро бунёд мекунад. Ин толор бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуда, барои донишҷуён ва умуман ҷавонони хоҳишманд ройгон намудҳои варзиши бостонӣ, ё худ қадимаи форсу тоҷикро омузиш медиҳад. Тавофуқ дар мавриди чунин толори варзишӣ дар ҷараёни натиҷаи сафари раиси Кумитаи Олимпии Эрон Саид Амир Ҳусайнӣ ба Тоҷикистон ва мулоқоти у бо ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Душанбе Абдураҳмон Маҳмадов ҳосил шудааст.
Абдураҳмон Маҳмадов - ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - гуфт, зурхона хоси кишварҳои форсизабон аст, ки дар он паҳлавонон дар баробари машқи бадан ғизои маънавӣ мегиранд. Зурхона бояд то моҳи сентябр ба истифода дода шавад, Абдураҳмон Маҳмадов гуфт, дар он ҷо намудҳои варзише низ дарс дода мешавад, ки то имруз донишҷуёни тоҷик онро намеомухтанд.
Оқои Муҳаммадризои Фурқонӣ гуфт, толори варзишӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар ҳудуди 30 то 40 ҳазор доллар таъмир ва муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Ва сафорати Эрон ҳамчунин дар рузҳои наздик дар маркази шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави варзиши бостониро дар ҳудуди 150-200 ҳазор доллари амрикоӣ дар нақша дорад. Абдураҳмон Маҳмадов, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ гуфт, дар Эрон федератсияи байналмилалии варзиши бостонӣ созмон дода мешавад ва варзишгарони Тоҷикистон дар баробари паҳлавонони кишварҳои Эрону Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон метавонанд, шомили ин федератсия гарданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG