Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки Бонки Осиёии Рушд барои бартараф кардани мушкилоти зистмуҳитии кишварҳои Осиёи Марказӣ


Бонки Осиёии Рушд мегуяд, ин барнома, ки барои Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таъйин шудааст, бо сармоягузории кишвари Финлонд амалӣ хоҳад гашт. Қарор аст, тибқи он ташаббусҳои ҳифзи муҳити зист ва ниҳодҳои экологии давлатҳои номбурда пуштибонӣ шаванд.
Тоҳир Қадрӣ, мутахассиси захираҳои табиӣ дар Бонки Осиёии Рушд мегуяд, ҳадаф аз дарки аҳамияти идоракунии муҳити зист ва рушди зербинои он ҳаракат ба самти пешрафти устувор аст. Вай изофа намуд, масъалаҳои марбут ба муҳити зист марзҳои давлатиро намешиносанд ва ин риштаест, ки ҳамаи кишварҳои минтақаро бо ҳам васл мекунад. Биноан, ба гуфтаи оқои Тоҳир Қадрӣ, кумак дар ин самт, кумак ба густариши ҳамкории миёни давлатҳои Осиёи Марказист.
Дар изҳороти Бонки Осиёии Рушд гуфта мешавад, давлатҳои минтақа бо мушкилоти ҳамсони сӯйиистеъмоли сарватҳои табиӣ, олудашавии об ва ҳаво, вайроншавии таркиби хок ва ба биёбон табдил ёфтани заминҳо, беэътиноӣ ба таъмини амният дар робита бо партовҳои хатарнок, нобуд шудани ҷангалҳо дар куҳдоман ва куҳистон рубаруянд.
Ба гуфтаи намояндагони Бонки Осиёии Рушд, бархе аз манотиқи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз партовҳои радиоактив ва кимиёӣ заҳролуд шудаанд ва худи ин кишварҳо дар танҳоӣ ба пок кардани чунин олудагиҳо омода нестанд. Тоҳир Қадрӣ, мутахассиси захираҳои табиӣ дар Бонки Осиёии Рушд, гуфтааст, солҳои охир омузиши ин мушкилот шуруъ шуда, хатарҳои эҳтимолӣ зери назорат мебошанд.
Вай меафзояд, тахриби муҳити зист ба пешрафти иқтисодӣ ва ҳосилнокии фаъолиятҳои иқтисодӣ ва ҳифзу истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ таъсири амиқ дорад. Бонки Осиёии Рушд мегуяд, чор давлати минтақа ба ин барнома ба сурати куллӣ 160 ҳазор доллар сармоягузорӣ карда, ҳаҷми умумии онро ба наздики як миллион доллар хоҳанд расонд.
XS
SM
MD
LG