Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони сафорати Амрико роҷеъ ба озодии маҳбусони тоҷики Гуантанамо


Иддае аз маҳбусони тоҷики зиндони Гуантанамо озод карда мешаванд. Дар ин бора сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додааст. Сафорати Амрико гуфтааст, қарори раҳоии шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати Амрико гирифта шудааст, зеро онҳо барои ин амнияти Иёлоти Муттаҳида хатаре надоранд ва ҳамчунин маълумоти зарурӣ низ. Аммо шумораи афроде, ки озод мешаванд, маълум нест. Дар Гуантанамо 11 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бандӣ ҳастанд, ки дар оғози замони амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон боздошт шудаанд.
Вазорати дифоъи Амрико пештар эълон дода буд, ки 15 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро аз ин зиндон озод карданд, аммо Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон - ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, кишвараш то ҳол номаи расмӣ роҷеъ ба озод шудани тоҷиконро нагирифтааст. Маъмурони интизомии Тоҷикистон мегуянд аксарияти зиндониёни тоҷики Гуантанамо бегуноҳ ҳастанд ва ба ягон гуруҳ робита надоранд.
XS
SM
MD
LG