Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Денис Де Трей масъалаи истифодаи қарзҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад


Мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ Денис Детрей, ки бо сафари чорруза вориди Душанбе шуд, имруз бо мақомоти Тоҷикистон масоили истифодаи босамари қарзҳои ҷудокардаи худ ба Тоҷикистонро барассӣ мекунад. Бино ба гузоришҳои расида, у бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ва нахуствазир Оқил Оқилов дидор мекунад.
Тоҷикистон аз соли 1993 узви Бонки Ҷаҳонӣ аст ва аз он замон то кунун аз бонки мазкур дар ҳаҷми 325 миллион доллар қарз ва кумакҳои бебозгашт гирифтааст. Феълан Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 9 барномаро дар ҳаҷми 166 ним миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби аҳзоби мухолиф ва расонаҳои дохилӣ пайваста дар фасодкорӣ ва истифодаи нодурусти кумак ва қарзҳои хориҷӣ айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG