Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар Санкт-Петербург боздошт шуд


Тибқи хабарҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия, мақомоти ин шаҳр аз 6 шаҳрванди тоҷик беш аз 20 кило ҳероин кашф ва мусодира кардаанд. Дар хабари дигар гуфта мешавад, дар ин шаҳр ва вилояти Ленинград тайи даҳ рузи амалиёти мавсум ба "Муҳоҷирони ғайриқонунӣ" наздик ба 12 000 нафарро бо иттиҳоми нақзи шароити сабти кору иқомат ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Аз ин шумора тақрибан 10 840 нафар ба таври маъмурӣ муҷозот дида ва беш аз 1000 нафари дигар ҳукми ихроҷ гирифтаанд. Мақомот мегуянд, бахши умдаи муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ин минтақа шаҳрвандони Озарбойҷону Тоҷикистон ва Узбакистон ташкил медиҳанд. Раҳбарони корхонаҳоеро, ки дар ин шаҳру вилоят муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кор ҷалб мекарданд, ба маблағи сеюним миллион рубли русӣ ҷарима андохтаанд, ки муодили тақрибан 120 000 доллари Амрикост.
XS
SM
MD
LG