Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи вазорати амният мемонад


Додситонии кулли Тоҷикистон хабари дархости таҳвили Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилаи кишварро аз боздоштгоҳи вазорати амният ба боздоштгоҳи вазорати адлия рад кард. Баҳодур Ҳомидов - сардори раёсати тафтишотии додситонии кулл ва яке аз муфаттишони парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гуна дархостро аз суи вакили мудофиа ва ё худи Ёқуб Салимов ҷиҳати иваз кардани макон ва шароити боздоштгоҳ дар даст надорад ва дар додситонӣ ин масъала мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Оқои Ҳомидов афзуд, сиҳатии Ёқуб Салимов хуб мебошад ва тибқи муқаррароти қавонин Салимов дар боздоштгоҳ аз хидмати тиббӣ низ истифода мекунад.
Аммо Саидкомил Қурбонов яке аз ду вакили мудофиаи Ёқуб Салимов мегуяд, вазъи саломати нафари зери ҳимояташ ба иллали бемории қалб ва хуруҷи захмҳои замони ҷангҳои шаҳрвандӣ ва ҳимояти президент бардоштааш дар шароити якутоқаи боздоштгоҳи вазорати амният бад шудааст. Оқои Қурбонов аз додситонии кулли кишвар дархост кардааст, то шароити боздоштгоҳро барои Ёқуб Салимов тағйир ва ҳамзамон уро ба утоқҳои низомашон умумӣ дар вазорати адлия таҳвил диҳад.
Дар ҳамин ҳол Алихон Раҳмонов муовини вазири адлия ва сардори умури зиндонҳои кишвар гуфтааст, идораи умури зиндонҳо барои интиқоли Ёқуб Салимов муқобил нест. Аммо афзудааст оқои Раҳмонов, тасмими таҳвили Ёқуб Салимов аз боздоштгоҳи муваққати вазорати амният ба боздоштгоҳи зери назорати вазорати додгустарӣ дар салоҳияти муфаттишони парвандаи ҷиноии уст. Оқои Раҳмонов ҳамзамон таъкид кардааст, дар сурати мувофақа ва ризоияти муфаттишони парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов барои тағйири шароити нигаҳдорӣ ҳеҷ мушкилоти дигаре боқӣ нахоҳад монд.
Абдуқайюми Қайюмзод
XS
SM
MD
LG