Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Узбакистон 30 нафар ба ҳабс гирифта шуд


Мақомоти Узбакистон мегуянд, дар таркиш ва ҳамлаҳои ахир дар ин кишвар 42 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудааст. Вазорати корҳои дохилии Узбакистон хабар дод, ки дар даргирӣ бо мусаллаҳон се корманди милиса низ кушта шудааст. Бархе аз шоҳидони задухурд ба хабарнигори "Ассошиейтед Пресс" гуфтаанд, аз ҷангҳо дар шаҳраки сари роҳи Қибраӣ панҷ нафар аз мусаллаҳони ношинос фирор кардаанд.
Хадамоти интизомии Узбакистон иттилоъ доданд, ки 30 нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳодисаҳо ба ҳабс гирифтаанд. Додситони кулли Узбакистон Рашид Қодиров гуфтааст, ин афрод ба терроризм айбдор мешаванд. Сухангуи Қодиров Светлана Ортиқова шумораи боздоштшудагонро тасдиқ ва ё рад накард, аммо гуфт, пажуҳиши ҳодисаҳо идома дорад.
Ҳукумати Узбакистон дар ин руйдодҳо тундравони исломиро айбдор мекунад.
Созмони ҳуқуқи инсон, Ҳюман Райст Увотч дар Тошканд гузориши нави худро нашр ва муаррифӣ кард.
Рейчел Дембер, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Ҳюман Райст Увотч, дар Тошканд гуфт: "Саволи дигар ин аст, ки оё посухи ҳукумати Узбакистон ба он чӣ руй дод, чӣ гуна хоҳад буд. Пештар ҳукумат ба амалҳои террористӣ бо чораҳои хеле густардаи шикастдиҳанда зидди мардуми диндор посух медод. Онҳое ҳадаф қарор меёфтанд, ки дар хона намоз мегузоштанд, берун аз ниҳодҳои давлатӣ исломро меомухтанд ва ё меомузонданд. Ва афроде ки ба ҳабс гирифта мешуд, ҳаргиз ба ҳеҷ гуна амали хушунатомез айбдор ва маҳкум намешуданд."
Хабаргузориҳо ҳамчунин аз ташдиди бештари чораҳои амниятӣ дар Узбакистон ва баста шудани гузаргоҳҳои марзии он бо кишварҳои ҳамсояаш хабар медиҳанд, ки низ норозигии аҳолии ду тарафи ин марзҳоро ба амал овардааст.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG