Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқбарони афғон ақибнишинӣ карданд


Гуруҳи марзбонии Русия, мустақар дар Тоҷикистон мегуяд, амалиёти ҳаштрузааш дар минтақаи марзии Шурообод, ки таъқиби се гуруҳи мусаллаҳи қочоқбароин афғонро ба ҳадаф дошт, анҷом ёфтааст. Наздик ба 30 нафари мусаллаҳ, ки шаби 21 ба 22 март ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд, ба гуфтаи марзбонони рус, ба оташи силоҳҳои сабуку сақил ва чархболҳои низомии гуруҳи марзбонии Русия тоб наоварда, ахиран ба суи Афғонистон ақиб нишастаанд. Аз ҷойи ҳодиса 3 халтаи банг, 2 қуттӣ афюн, 1 халта ҳероин ва миқдоре аз силоҳу муҳимот кашф ва мусодира шудааст.
Дар ахбор ҳамчунин омадааст, ки маъмурони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон танҳо тайи 1 рузи гузашта дар манотиқи мухталифи ин кишвар 32 кило маводи мухаддир кашф ва боздошт кардаанд. Сухангуи оҷонсӣ Аваз Юлдошев мегуяд, аз ҷумла 3 кило ҳероин ва 19 кило ҳашиш дар ҷараёни як амалиёти муштараки ин оҷонсӣ бо мақомоти милиса дар ҳудуди ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Шуғнон гирифта шуд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG