Пайвандҳои дастрасӣ

Марзи Тоҷикистону Афғонистон ва сели маводи мухаддир


Рузи 28 март дар як амалиёти муштараки кормандони Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон ва марзбонони рус дар ноҳияи Шурообод 11 кило ҳероин мусодира гардид. Генерал Ғаффор Мирзоев сарвари оҷонсии мазбур мегуяд, тули моҳ кормандони у бо марзбонони рус аз чанд амали муштарак кор гирифтаанд, ки бар асари он садҳо кило маводи мухаддира кашф шудааст: «Дар Шурообод, дар рузи 28 март дар амалиёте, ки гузаронидем, 5 кило ҳероин ва 6 кило тарёк гирифтем ва ғайр аз ин боз 18 килои дигар моддаҳои нашъаовари ҳашишу канабис гирифтем.»
Александр Кондратев - сухангуи қушунҳои марзбони Русия мустақар дар Тоҷикистон дар бастагӣ ба мавзуъ амалҳои дастаҷамъонаи ниҳоди русиро бо ҷониби Тоҷикистон таъйид карда, афзуд, дар се моҳи соли ҷорӣ вазъ дар сарҳад ноором боқӣ мондааст. Дар марзҳои ҷанубии кишвар, ки дижбонӣ бар души русҳо аст, 30 марзшикан асир ва садҳо кило маводи нашъаовар мусодира шудаанд.
Афсари рус мегуяд: « Тули 30 рузи моҳи ахир вазъ дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон муташанниҷ буд. Қосидони наркобаронҳо, ки тавассути Тоҷикистон мехостанд, маводи марговарро ба Русия ва дигар мамолики Аврупо интиқол диҳанд, пайваста марзҳоро убур мекарданд. Дар бастагӣ ба вазъ мо тасмим гирифтем, ки дар ҳамдастӣ бо ҷониби Тоҷикистон амалиёти муштарак анҷом дихем. Бар асари ин амалиёт садҳо кило ҳероин мусодира гардид. Бори охир субҳи 29 март дар дижбонии «Маскав», воқеъ дар ноҳияи куҳманзари Шурообод як марзшикан бо 78 кило ҳероин боздошт гардид.»
Ғаффор Мирзоев мегуяд, оҷонсӣ дар ин додугирифт, дар маҷмуъ 90 кило маводи мухаддирро боздошт ва бар муқобили 8 нафар парвандаи ҷиноӣ боз кард. Афсари рус Кондратев ва генерал Мирзоев мегуянд, дар маҷмуъ дар нисбат ба се моҳи соли гузашта имсол вазъи сарҳад оромтар аст. Ва аммо ба иттилоъи Мирзоев, оромии вазъ дар марзҳо нисбист ва коҳиши интиқоли маводи нашъадор ба зимистони сард бастагӣ дорад. Гуфта мешавад, барфи зиёд роҳҳои пинҳонии куҳиро, ки наркокурйерҳо аз он кор мегирифтаанд, ҳануз ҳам баста нигоҳ медорад.
Ва аммо дар раёсати умури дохилаи шаҳри Кулоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки заъифии посбонии марзҳо дар мавзеъ аз ҷониби русҳо сахт ба чашм мехурад. Тули се моҳ теъдоди қочоқчиёни маводи мухаддира, ки боздошт шудаанд, дар нисбат ба соли гузашта беш аз ду баробар афзудааст. Абдураҳмон Бузмаков, муовини раиси шуъбаи умури дохилаи Кулоб дар бастагӣ ба мавзуъ мегуяд: « Дар се моҳи соли 2004 20 ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир кашф гардид. Соли гузашта дар ҳамин вақт 9 кас боздошт шуда буд. Муайян аст, ки маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. Хайр, мавод, ки аз Афғонистон ворид мегардад, ин ҳама аз ҳисоби сарҳад аст. Агар марз ба дараҷаи лозима посбонӣ мешуд, ин миқдор маводи мухаддир ба Тоҷикистон ворид намегашт.»
Генерал Мирзоев, бар ин ақидааст, ки хабаргузориҳо дар кишварҳои муштаракулманофеъ усулан ҳамаи қубҳу гуноҳро бар сари Тоҷикистон задаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи генерали тоҷик, роҳҳои наркотрафик аз мамолики ҳамсоя ҳам мегузаранд ва аммо режимҳои ин кишварҳо, аз ҷомеаи ҷахонӣ ин далелро пинҳон мекунанд: «Моддаҳои нашъаовар ҳам аз Туркманистон ба Русия ва дигар давлатҳо мераванд. Коркунони дипломатии онҳо ҳам ба ин корҳо машғул будаанд. Туркманистону дигар давлатҳо ҳам ба ин кор машғул хастанд.»
Тибқи иттилоъ, ки хабарнигори Радиои Озодӣ дар даст дорад, танҳо дар минтақаи марзии ҷануби кишвар 50 тан аз марзшикану қочоқбарони хориҷиву ватанӣ тули се моҳи аввали сол боздошт шудаанд. Дар ин зимн коршиносон ҳадс мезананд, ки интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон кам нашудааст, балки наркобаронҳо аз роҳу усули дигари ба ниҳодҳои қудратӣ ношно ва пайроҳаҳои мастур кор мегиранд.
XS
SM
MD
LG