Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳматулло Зойиров: "Эътилофи аҳзоби сиёсӣ ба зудӣ таъсис мешавад"


Сарони ҳизбҳои мухолифи давлати Тоҷикистон гуфтаанд, дар нимаи аввали моҳи апрел Эътилофи интихоботи одилона ва шаффофро таъсис хоҳанд дод. Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон гуфтааст, то ҳоло чор ҳизби сиёсӣ -- Сотсиал-Демократ, Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон омодагии худро ба узвият дар ин иттиҳод эълон кардаанд.
Дар айни замон гуфтушунид бо Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар бораи узвияти эҳтимолии он дар Эътилофи интихоботи одилона ва шаффоф идома дорад. Зойиров имконияти иштироки ҳизби номнависнашудаи тараққиётро дар ин иттиҳод аз эҳтимол дур надонист.
XS
SM
MD
LG