Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромӣ дар Узбакистон ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир мегузорад


Ноиби сарвазири Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров мегуяд, руйдодҳои Узбакистон ба вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ хоҳанд дошт, зеро аксари кулли бору мавод ба Тоҷикистон ба воситаи Узбакистон ворид мешавад ва Узбакистон ҳамаи марзҳои худро бастааст. Хабари нооромиҳо дар Узбакистон ба вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон, ки бо ин кишвар як ҳазору сесад километр марзи мушатарак дорад, таъсир гузоштааст. Сар аз 29-уми март ҳамаи гузаргоҳҳи марзӣ бо Узбакистон баста шуда ва равуову тиҷорат дар сарҳад қатъ гаштааст.
XS
SM
MD
LG