Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷуи ДДМТ ҷоизаи "Рузи Нав"-ро аз они худ кард


Оё зан дар Тоҷикистон метавонад, президент бошад? Ин мақола, ки дар яке аз нашрияҳои чопи Душанбе ба нашр расида буд, барандаи ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ гардид. Озмуни беҳтарин мақолаҳои таҳлилӣ барои ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ миёни донишҷуёни донишгоҳҳои олии Тоҷикистон аз тарафи идораи ҳафтаномаи мустақили сиёсӣ-иҷтимоии "Рузи Нав" дар ҳамкорӣ бо факултаи рузноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (ДДМТ) эълон гардида буд. Ба гуфтаи масъулин, дар озмун донишҷуёни зиёд аз тамоми донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ширкат карданд. Донишҷуи соли саввуми факултаи рузноманигории ДДМТ Фарангиси Музаффар барои мақолаи "Оё дар Тоҷикистон зан метавонад, раҳбари давлат бошад", ба гирифтани ҷоиза ноил гардид. Фарангис мегуяд, бори нахуст аст, ки у дар чунин як озмун ширкат мекунад ва худи у ҳеҷ бовар надошт, ки пируз мешавад: «Вақте ман мақоларо навиштам, боварӣ надоштам, ки ба ин ҷоиза сазовор мешавам. Вақте гуфтанд, туро ба ҷамъбасти ҷоизаи Отахон Латифӣ ба маҷлисгоҳи ДДМТ даъват мекунем, ман ҳайрон шудам, гуфтам барои чӣ?. Гуфтанд, ки туро яке аз барандагони ҳамин ҷоизаи Отахон Латифӣ эълон кардаанд.»
Имкониёти занони тоҷик барои курсии президентиро ба даст овардан дар муқоиса бо занони ҷамоҳири ҳамсоя ва давлатҳои дигар дар мақолаи Фарангис мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст. Фарангис номзадҳои эҳтимоли аз ҷумлаи занони сиёсатмадору олим ва адибавои тоҷикро шумурда, ба ақидае омадааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон зане нест, ки қудрати ба даст овардани курсии сарвари давлатро дошта бошад ва аз уҳдаи идораи давлат барояд. Аз худи Фарангис суол кардам, ки агар номзадияшро ба маснади президентӣ монад, оё дар он ҳам ғалаба насибаш мегардад?
Вай гуфт: «Шояд. Аммо агар президент нашавам ҳам, номзад ба ин мансаб гардиданам бас аст.»
Ҷои дуввумро дар озмун хатмкунандаи ДДМТ Аслам Муъминов барои таҳлилҳои иқтисодияш ва ҷои саввумро Илҳомҷон Ҳамидов - донишҷуи соли якум барои силсилаи мақолаҳояш оид ба зиндагӣ ва мушкилоти атфолу наврасони тоҷик гирифтанд. Носирҷони Маъмурзода - корманди нашрияи "Рузи Нав" дар мавриди сатҳи таҳлили маводи ба озмун пешниҳодшуда чунин мегуяд: «Ҳарчанд на ҳамаи мақолаҳое, ки ба озмун пешниҳод шуда буданд, ба талаботи жанри таҳлилӣ ҷавобгу буданд, лекин кушишҳои аввалин буданд ва метавон гуфт, ки донишҷуён муваффақ ҳам шуданд.»
Ҳафтаномаи мустақили "Рузи Нав" барои дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод боз ду озмун эълон кардааст. Яке барои ҷасорати журналистӣ барои беҳтарин мақолаҳои танқидӣ, ки то моҳи август идома мекунад, дигарӣ барои дарёфти ҷоизаи ба номи Мақсуди Ҳусайн барои беҳтарин силсилаи хабарҳо. Ин озмун дар назар аст моҳи ноябр анҷом ёбад.
XS
SM
MD
LG