Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонони рус як зани тоҷикро куштанд


Ба иттилоъи хабаргузории "Азия Плюс" як зани тоҷик дар наздикии деҳаи Анҷироби ноҳияи Шуробод аз тири марзбонони рус кушта шуд.
Ин сокини 53-солаи ноҳияи Ванҷ дар мошини УАЗ ҳамроҳ бо сокини дигари ноҳия сафар мекард. Сари роҳ, дар маҳалле, ки ҳеҷ вақт дар он посгоҳи марзбонӣ набудааст, афроди низомӣ пайдо мешаванд ва талаб мекунанд, ки мошин бозистад. Ронанда ба ақидаи ин ки инҳо мақсади ғорат кардани уро доранд, мошинро нигоҳ надоштааст.
Бар асари тирандозии марзбонон зан захмӣ шуда, дар бемористони ноҳияи Шуробод даргузаштааст.
Бахши минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар дод, ки як ҳайъати иборат аз намояндагони Тоҷикистон ва Русия пажуҳиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG