Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Падари бунёдгузори "Ҷамол-компания" аз сактаи қалб даргузаштааст


Абдураҳим Қаҳҳоров- муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт бар асоси таҳқиқоти аввалия Бекмурод Сиёев падари Ҷамшед Сиёев мудири ширкати «Ҷамол-компания», ки бо гуноҳи кулоҳбардорӣ ё фиреби молии 57 ҳазор ҷамъияти Тоҷикистон маҳкуми зиндон шудааст, бар асари ҳамла ё сактаи қалб даргузаштааст. Муовини вазири дохилаи Тоҷикистон гуфт:"Дина ба қарори прокурор духтурон ҷасадро аз назар гузарониданд, ҳаматарафа экспертиза гузарониданд. Ягон кас куштагӣ не, инфаркт шудааст. Лекин ҷавоби аниқро аз руи салоҳияташ бояд прокуратура бидиҳад."
Ҷасади Бекмурод Сиёев рузи шанбе дар манзилаш дар маркази шаҳри Душанбе пайдо шудааст. Дар ибтидо гумон мерафт, Бекмурод Сиёев ҳадафи суйиқасд қарор гирифта бошад. Бо ин эҳтимол ҳатто бино ба гуфтаи манобеъи мухталиф ду нафар чун гумонбар боздошт шуда буданд. Зеро дар ширкати «Ҷамол-компания» баъди мутаваққиф шуданаш афроди зиёдеро аз худ норозӣ боқӣ гузошт. Ва Ҷамшед Сиёев раиси ин ширкат барои фиреби молӣ, напардохтани молиёт ва фаъолияти соҳибкории ғайри қонунӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.
Ва боз як қисмати парвандаи марбут ба "Ҷамол-компания" аз ҷониби додгоҳ барои тафтиши дубора ба додситонӣ бозпас фиристода шудааст. Ва интизор меравад, ба муҳлати маҳкумияти Ҷамшед Сиёев афзуда шавад.
Аммо Бекмурод Сиёев падари Ҷамшед Сиёев устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон зимни суҳбатҳои расмӣ дар сар задани қазияи марбут ба муҳрабозор ва сардаргумии мардум аз ин боис писари худро муҷрим намедонист. Аммо ба гуфтаи наздиконаш, вақтҳои ахир у амали писарашро маҳкум мекардааст.
Бекмурод Сиёев яке аз маҳдуд донишмандони таърихи забонҳои иронӣ дар Тоҷикистон, солиёни зиёд дар Донишгоҳи Миллӣ аз ин мазмун дарс гуфтааст. Чандин сол мудири курсии забони форсӣ дар Донишгоҳи Миллӣ ва то рузи марги асроромезаш мудири курсии забони форсӣ дар Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон буд.
Дар бораи таърихи забон, таҳаввул ва ташаккули он мавқеъи истифодаи феъл дар забони форсӣ ва муқоисаи забони «Шоҳнома» бо забони муосир рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таълиф кардааст. Ба назари донишмандони илми забон, ки дар ҷанозаи доктор Сиёев мегуфтанд, ин намунаи хидмати мондагор ва барҷастаи у барои забони тоҷикист. Аммо хешовандони к дар ҳайратанд, ки ёддошти пушти дари бастаи Бекмурод Сиёев, ки навиштааст, маро ҷустуҷу накунед, чӣ асрор дорад ва кӣ ё чӣ уро водор кардааст, то чунин ёддоште навишта бошад.
XS
SM
MD
LG