Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду нафарро бо иттиҳоми куштори падари Ҷамшед Сиёев боздошт карданд


Маъмурони интизомии шаҳри Душанбе ҷасади падари Ҷамшед Сиёев - раиси ширкати ҷанҷолбарангези "Ҷамол-компания" Бекмурод Сиёевро дар хонааш пайдо карданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегуяд, пас чанд рузи ғайби у ҳамсояҳои Бекмурод Сиёев ба кормандони милиса иттилоъ додаанд, ки аз хонаи у буи бад меояд. Ҳангоми тафтиши хона маъмурони интизомӣ ҷасади Бекмурод Сиёевро пайдо карданд. Дар бораи иллатҳои марги у тахминҳои зиёд мавҷуд аст. Кормандони мақомоти интизомӣ қатли уро сарфи назар намекунанд, ҳамчунин зери фишори равонӣ худкушӣ кардани ин омузгори Донишгоҳи Миллӣ ва Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонанд. Аммо тибқи хабарҳои охир, мақомоти интизомӣ ду нафарро ба гумони қатли Бекмурод Сиёев боздошт кардаанд. Додситонии Тоҷикистон соли гузашта фаъолияти ширкати "Ҷамол-компания" мамнуъ кард ва раҳбар ва чанд масъули онро бо айби қаллобӣ ва фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ба зиндон маҳкум кард. Шумораи зиёди мизоҷони ин ширкат то ҳол сармояҳои гузоштаи худ дар "Ҷамол-компания"-ро пас нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG