Пайвандҳои дастрасӣ

Андозҳои гарон - сарчашмаи ришвахорӣ, кишвари қандхез, вале бе ширинӣ


Бо нашри матлабе зери унвони "Соҳибкорӣ ва андоз" ҳафтаномаи "Чархи Гардун" намудҳои андоз аз соҳибкорӣ ва салоҳияти ниҳодҳои андозситонро таҳлил кардааст. Дар номаи соҳибкори инфиродие унвонии ҳафтанома аз бори гарони андозҳо шиква шудааст. Дар матлаб омадааст, бинобар номукаммалӣ ва номушаххасӣ аз дари соҳибкор чандин мақоми молиявӣ сар мехалонанд. Ин тарзи андозситонӣ навишта мешавад, боиси ривоҷи падидаи ришвахорӣ ва комилан озод будани бархе аз пушту паноҳдорҳо аз пардохти андоз мегардад. Муаллиф менависад, дар натиҷаи ин тарзи корбарӣ мардум аз соҳибкорӣ дилхунук мешаванд, фаъолияти фардӣ ва сармояи худро пинҳон медоранд ва аз супоридани андоз ба ҳар навъ сарпечӣ мекунанд. Аммо он соҳибкоре, ки номааш боиси нашри ин мақола шудааст, ба қаннодӣ машғул будааст.
Мавзуъи қаннодӣ ва истеҳсоли шакару маҳсулоти ширинӣ дар мақолае дар "Неруи Сухан" таҳқиқ гардидааст. Муаллифи он навиштааст, дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон 8 навъи лаблабуи қанди кишт ва аз як гектар то 900 сентнер ҳосил гирифта мешуд. Аммо қанду шакарро ба Тоҷикистон аслан аз Русияву Украина ворид мекарданд, зеро барои давлати абарқудрат аз Тоҷикистон пахтаву тамоку бештар зарур буд. Бо пошхурии Шуравӣ ва катъи алоқаҳои иқтисодии ҷамоҳири он ва дар пайаш гаронии нархи шакари аз берун воридшаванда соҳаи қаннодии Тоҷикистон аслан аз кор монд. Аммо Тоҷикистон имруз метавонад, худ тавлидкунанда ва содиркунандаи қанду шакари аълосифат ва маҳсулоти ширинӣ гардад, албатта дар сурати талошҳо дар ин соҳа. Дар сурати эҳёи соҳаи қаннодӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли шакару ширинивориҳо ва содир кардани он ба хориҳа Тоҷикистон метавонад, соҳиби миллионҳо доллар гардад.
Вале нашрияи "Бизнесмен"-ро на доллар, балки тақдири сомониву дирамҳои тоҷикӣ ба ташвиш овардааст. Бо нашри матлабе зери унвони "Тангаҳо куҷо шуданд?" муаллифи мақола аз дар гардиш набудани тангаҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Мадина Исмоилова - муаллифи мақола бо истинод ба Бонки Миллӣ навиштааст, то моҳи марти соли равон 2, 5 миллион сомонӣ дар шакли танга дар гардиш буданд. Вале мардуми оддӣ аз танга истифода намекунанд ва ҳатто дар бозору нақлиёт аз гирифтани он худдорӣ мекунанд.
Ахиран дар шаҳри Хуҷанд хати дуввуми технологии корхонаи муштараки тоҷикӣ-амрикоии САТН ба кор шуруъ кардааст. Ношири ин хабар ҳафтаномаи "Вароруд" навиштааст, танҳо дар ин хат ҳудуди ҳазор нафар бо кор, бо истеҳсоли маҳсулоти хайётӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин он ҳар сол ба буҷаи давлат ҳудуди 300.000 доллар даромад хоҳад овард.
XS
SM
MD
LG