Пайвандҳои дастрасӣ

ХАБАРНИГОРИ БАХШИ ТОҶИКИИ РАДИОИ ОЗОДӢ НОМЗАД БА ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ФЕДЕРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХАБАРНИГОРОН ШУД


Федератсияи Байналмилалии Хабарнигорон ду номзади асосӣ ба ҷоизаи инъикоси "Масоили воқеии зиндагӣ"-ро эълом кард, ки яке аз онҳо хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Абдуфаттоҳ Шафиев (Ҳумойюни Шаҳриёр) аст. Федератсияи мазкур барои беҳтарин гузориш доир ба бемории СПИД ва маводи мухаддир дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ озмун эълон карда буд.
Дар баёнияи Федератсияи Байналмилалии Хабарнигорон омадааст, номзадҳо ба ҷоизаи инъикоси "Масоили воқеъии зиндагӣ" аз миёни довталабони зиёд ва аз чандин кишвари ҷаҳон интихоб шуданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ Абдуфаттоҳ Шафиев барои силсилагузоришҳояш доир ба зиндагии нашъамандон дар Тоҷикистон номзад ба ин ҷоиза гашт. Гузоришҳои Абдуфаттоҳ Шафиев дар барномаҳои бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ нашр шуда буданд. Номзади дуввум Валентина Акимова аз шаҳри Кузбасси Русия аст.
Ҳар ду номзад дар понздаҳум конференсияи байналмилалии "Коҳиши зарари маводи мухаддир" дар шаҳри Мелбурни Австралия, ки аз 20 то 24-ум апрел баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Баррандаи ҷоиза моҳи май дар як маросими расмӣ, дар ҷараёни 25 -умин Форуми ҷаҳонии Федератсияи Байналмилалии Хабарнигорон дар шаҳри Афинаи Юнон эълон ва ифтихорнома ва 2000 ҳазор доллар насиби ғолиби озмун хоҳад шуд. Ҷоизаро президенти федератсия Кристофер Варен тақдим мекунад. Федератсияи мазкур аз 500 ҳазор хабарнигори беш аз 100 кишвари дунё намояндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG